ТАҒЙИРИ ИҚЛИМ. Дар Арктика ба зудӣ ба ҷои барф борон меборад — чизе, ки қаблан Президенти Тоҷикистон дар бораи он ҳушдор дода буданд

Декабрь 2, 2021 12:38

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Арктика боронҳо ҷои бориши барфро мегиранд, ки инро даҳсолаҳо пештар иқлимшиносон пешбинӣ карда буданд, ба чунин  хулоса омадаанд гурӯҳи байналмилалии олимон дар асоси моделҳои такмилёфта. Ба иттилои АМИТ «Ховар», натиҷаҳои тадқиқот дар мақолае, ки дар маҷаллаи “Nature Communication” нашр гардидааст, оварда шудааст.

Минтақаи Арктика нисбат ба дигар қисматҳои сайёра хеле тезтар гарм мешавад, ки дар натиҷа яхҳои баҳрӣ об мешаванд, ҳаворо буғи об зер мекунад ва он эҳтимол ба афзоиши назарраси бориш оварда расонад. Акнун олимон бар он назаранд, ки агар суръати хозираи партовҳои газҳои карбон  давом кунад, гузариш аз ҳаҷми солонаи бориши барф ба бориши зиёд як ё ду даҳсола пештар ба амал меояд.  Аз сӯйи дигар, агар имкони расидан ба ҳадафи Созишномаи Париж ва 1,5 дараҷа болоравии ҳарорати ҷаҳонро  аз сатҳи пеш аз саноатӣ нигоҳ доштан имконпазир бошад, пас паҳншавии барф дар болои бориш дар Арктика идома хоҳад ёфт. Аммо, агар сенарияи бадтарин амалӣ шавад, он ҳам ба экосистемаҳои қутбӣ ва ҳам ба арзҳои ҷанубӣ таъсири фалокатовар хоҳад дошт. Ҳамин тариқ, кам шудани қабати барф ба инъикоси гармии Офтоб ва рӯшноӣ аз сатҳи Замин таъсир расонида, ба гармшавӣ мусоидат мекунад.

Тавре  АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайни Маҷмаи умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар ин бора ҳушдор дода буданд. “Имрӯз мо обшавии босуръати яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида мекунем. Дар пиряхҳои замин низ тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ мепайвандад», — гуфтанд Сарвари давлати Тоҷикистон ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим унвон карданд. Сарвари Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

«Обшавии калонтарин пиряхи наздисоҳилӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозиаш беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, мисоли барҷастаи ин аст», — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон. Тадқиқот нишон медиҳад, ки танҳо давоми 70—80 соли охир пиряхи Федченко бештар аз як километр коҳиш ёфта,  масоҳаташ то 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. «Обшавии босуръати пиряхҳо, инчунин афзоиши истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ алоқаманд аст, ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар таҳдид мекунад», — гуфтанд Сарвари Тоҷикистон.

Дар робита ба ин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

АКС аз World Meteorological Organization/

Декабрь 2, 2021 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад