Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии савдо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 3 декабр бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) хонум Нгози Оконҷо Ивеала дар шаҳри Женеваи Швейтсария вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Дар вохӯрӣ Завқӣ Завқизода Нгози Оконҷо Ивеаларо барои таъйин гардиданаш ба вазифаи Директори генералии СҶС бори дигар табрик гуфта, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият ба СҶС дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои рушди савдои хориҷӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, содагардонии расмиёти савдо ва дар маҷмӯъ рушди устувори иқтисодӣ ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, баъди узвият дар СҶС шумораи шарикони тиҷоратӣ аз 90 то ба беш аз 110 кишвар, ҳаҷми содирот ду маротиба ва номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, якчанд ислоҳоти муҳим дар соҳаи савдо амалӣ гардид.
Ҳамзамон вобаста ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СҶС, ки 6-8 декабри соли равон пешбинӣ шудаанд, таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.
Директори генералии СҶС дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, ҷониби Тоҷикистонро барои ин дастовардҳо табрик гуфт.
З.Завқизода Директори генералии СҶС-ро барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои фосилавии «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ки тобистони соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон даъват намуд. Даъвати мазкур хуш пазируфта шуд.
АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






