Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ягона роҳи муассири эмин мондан аз бемории КОВИД-19 эмгузаронӣ мебошад»

Декабрь 22, 2021 13:32

ДУШАНБЕ, 22.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД-19 ва фавти одамон идома дорад. Бинобар ин, ба мардуми мамлакат  муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони ҷумҳурӣ  бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд. Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд,-чунин таъкид намуданд  дирӯз, 21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хотирнишон сохтанд, «онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд.Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд».

То имрӯз 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 10 декабри соли равон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ситоди мазкур  ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки то ҳол бемории сироятии COVID-19 дар дунё  бо суръат паҳн гашта, навъҳои гуногуни он ба қайд гирифта мешавад. Омикрон низ яке аз навъҳои бемории сирояти COVID-19 мебошад. Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, гузаронидани ваксина, риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.

Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷоннок намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, гузаронидани ваксина, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, ҳамчунин саривақт расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд ҷудо гардидааст қарор қабул намуд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2021 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд