Ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (раиси комиссия), муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода ва бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси комиссия ҷаласаро оғоз намуда, тибқи рӯзнома аз ҷониби роҳбарияти Департамент вобаста ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии комиссия маълумот пешниҳод карда шуд.
Сипас аз ҷониби намояндаи Департамент маълумот оид ба Лоиҳаи Низомномаи Шӯрои комплаенс пешниҳод гардид. Бо назардошти мувофиқаи он бо вазорату идораҳо дар ҷараёни ҷаласаи мазкур Низомнома тасдиқ карда шуд.
Инчунин аз ҷониби директори Департамент маълумот вобаста ба «Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (БХМ ҚД/МТ)-и навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Зикр карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани БХМ ҚД/МТ ва бо мақсади ба инобат гирифтани ҳама гуна хавфҳои ҷойдошта ва эҳтимолӣ зарурати ҷамъоварии маълумоти дақиқи оморӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар дар ин самт дида мешавад.
Бинобар ин, аз ҷониби раиси комиссия ба мақомоти кишвар дастур дода шуд, ки ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ дастрасии саривақтии маълумоти дархостшуда таъмин карда шуда, ба масъалаҳои ҷойдоштаи он диққати махсус дода шавад. Инчунин дар вохӯриҳо бо коршиносон иштироки шахсони мутасаддӣ ва дорои маълумоти кофӣ таъмин карда шавад.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои ҷойдошта табодули маълумот байни мақомоти масъул ба шумор рафта, пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубодилаи иттилоот байни Департамент ва мақомоти дахлдор ба мақсад мувофиқ мебошад.
Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 таъсис дода шудааст.
АКС аз Бонки миллӣ








Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шурои диссертатсионии нав таъсис ёфт
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Истихроҷи нафт дар мамлакат афзоиш ёфтааст»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд
Аз Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид






