АМИТ «Ховар» соли 2022 самаранокии фаъолият дар самтҳои афзалиятнокро вусъат мебахшад
ДУШАНБЕ, 07.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» давоми соли 2021 тамоми иттилооти расмӣ ва дигар ахбори муҳими дохилу хориҷи кишварро бо забонҳои кории Агентӣ, аз ҷумла, тоҷикӣ – 8735, русӣ – 9510, англисӣ – 1871, арабӣ – 1538 ва бо ҳуруфи форсӣ – 1661 адад нашр кард. Дар давраи ҳисоботӣ тариқи Радиои «FМ-Ховар» зиёда аз 3000 нашри «Хабар» ва 2400 барномаи соҳавӣ дар шакли асл мавриди таваҷҷуҳи шунавандагон қарор гирифт. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи АМИТ «Ховар», ки 6 январ доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки бо ҷонибдорӣ аз иқдомоти наҷиби фарҳангию маърифатии Пешвои миллат, ҷараёни баргузор шудани даврҳои муқаддамотии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат», ки бо мақсади тарғибу ташвиқи бештари китоб ва китобхонӣ миёни насли наврасу ҷавон ва дигар қишрҳои ҷомеа, равнақ бахшидан ба инкишофи соҳаи фарҳанг ва мусиқӣ миёни наврасону ҷавонон, инчунин аз худ кардани илмҳои дақиқ роҳандозӣ гардидаанд, ба таври васеъ инъикос карда шуданд.
«Мавзӯи муҳими сатҳи ҷаҳонӣ – сирояти вируси нави коронавирус (COVID-19) пайваста пайгирӣ ва инъикос гардид. Дар ин давра дар баробари хабарҳои дохилӣ инчунин маводи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо истинод ба расонаҳои муътамади сатҳи ҷаҳонӣ тавассути сомона ва радио бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳамарӯза нашр гардиданд. Инчунин баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барномаҳои радиоии «Дармон», «Маслиҳати мутахассис» ва «Ҷаҳони андеша» аксаран ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуданд. Дар баробари ин роликҳои иҷтимоӣ таҳия ва ҳамарӯза пешниҳоди шунавандаҳо гардиданд», — иброз гардид дар ҷаласа.
Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ ҳамчунин муовини сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, аъзои ҳайати мушовараи Агентӣ – сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода вобаста ба масъалаҳои мавриди назар, роҳу усулҳои таҳкими фаъолияти Агентӣ ба сифати хабаргузории марказии иттилоотии Тоҷикистон ибрози назар намуда, пешниҳодҳо ироа карданд.
Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ баромадҳо ва пешниҳодҳои зикршударо таҳлилу ҷамъбаст намуда, доир ба татбиқи нақшаҳои минбаъда ва самаранок намудани фаъолияти Агентӣ дар соли равон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»














«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид






