«АЗ ХУДМУОЛИҶАКУНӢ ХУДДОРӢ НАМОЕД!». Чунин ҳушдор дод роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми  ба бемории сироятӣ гирифтор шудан аз  худмуолиҷакунӣ даст кашида, бе тавсияи духтур, худсарона дору истеъмол накунед, ҳавои хона ва утоқи кориро  тоза нигоҳ дошта, инчунин пӯшидани ду ниқобро фаромӯш насозед. Ин  тавсияро табиби маъруфи эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси коршинос ҳамкорӣ дорад,  зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дод.

Табиб  зикр намуд, ки «агар тирезаҳои утоқи корӣ ё хонаҳоро кушода намонем, вирус  бештар  фаъол гашта,  ба атроф паҳн  мешавад. Мо бояд бештар аз кӯдакон эҳтиёт намоем, зеро яке аз манбаъҳои паҳншавии вирус маҳз онҳо мебошанд. Кӯдакон ваксина нагирифтаанд. Нишонҳои ин вирус дар онҳо монанди сармо хурдагӣ ё  зуком ба назар мерасад».

«Ду ниқоб бандед, агар бар зидди  коронавирус эм нагузаронида бошед, ҳатман ваксина гиред. Ҳар шахсе, ки гулӯдард,  бемадорӣ, ҳарорати баланд  ва  ё сулфа ҳам дошта бошад,  на камтар аз  10 рӯз дар хона бимонад ва алоқаашро бо дигарон кам карда,  фосилаи иҷтимоиро риоя намояд»,- таъкид намуд номбурда.

Тавре Ораш Алоӣ изҳор намуд,  «илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас манъияте надорад, ки аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар ҳоли ҳозир худашон бемор бошанд. Пас агар шахсе, ки ҳатто дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, қи ҳамеша аз ман мепурсанд ин аст, ки касоне бемориҳои, дил, диабет, раг ва ё гурда доранд метавонанд ваксина зананд? Бале, онҳо бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд».

 АКС аз бойгонӣ АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид