«АЗ ХУДМУОЛИҶАКУНӢ ХУДДОРӢ НАМОЕД!». Чунин ҳушдор дод роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми ба бемории сироятӣ гирифтор шудан аз худмуолиҷакунӣ даст кашида, бе тавсияи духтур, худсарона дору истеъмол накунед, ҳавои хона ва утоқи кориро тоза нигоҳ дошта, инчунин пӯшидани ду ниқобро фаромӯш насозед. Ин тавсияро табиби маъруфи эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси коршинос ҳамкорӣ дорад, зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дод.
Табиб зикр намуд, ки «агар тирезаҳои утоқи корӣ ё хонаҳоро кушода намонем, вирус бештар фаъол гашта, ба атроф паҳн мешавад. Мо бояд бештар аз кӯдакон эҳтиёт намоем, зеро яке аз манбаъҳои паҳншавии вирус маҳз онҳо мебошанд. Кӯдакон ваксина нагирифтаанд. Нишонҳои ин вирус дар онҳо монанди сармо хурдагӣ ё зуком ба назар мерасад».
«Ду ниқоб бандед, агар бар зидди коронавирус эм нагузаронида бошед, ҳатман ваксина гиред. Ҳар шахсе, ки гулӯдард, бемадорӣ, ҳарорати баланд ва ё сулфа ҳам дошта бошад, на камтар аз 10 рӯз дар хона бимонад ва алоқаашро бо дигарон кам карда, фосилаи иҷтимоиро риоя намояд»,- таъкид намуд номбурда.
Тавре Ораш Алоӣ изҳор намуд, «илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас манъияте надорад, ки аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар ҳоли ҳозир худашон бемор бошанд. Пас агар шахсе, ки ҳатто дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, қи ҳамеша аз ман мепурсанд ин аст, ки касоне бемориҳои, дил, диабет, раг ва ё гурда доранд метавонанд ваксина зананд? Бале, онҳо бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд».
АКС аз бойгонӣ АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






