Аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд

Январь 22, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз вилояти Хатлон  беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар вилоят баҳри ҷалб намудани шумораи сайёҳони хориҷӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз имконияти мавҷуда мақсаднок истифода карда мешавад.

«Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 17 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 88 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд»,-хабар дод манбаъ.

Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба сайёҳон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳии вилоят сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст.

ДАР АКС мавзеи Чилдухтарон. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад