Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид

Январь 18, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯй таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон ворид гардиданд, хабар доданд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар».

17 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз Беморхонаи марказии ноҳия дидан карда, бо таҷҳизоти воридшуда  шинос шуд. Инҳо дастгоҳи сипап, 2 адад монитори назди кати бемор, 2 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, занбар барои интиқоли беморон, аробачаи маъюбӣ, чароғ барои ҷарроҳӣ ва даҳҳо номгӯй таҷҳизоти табобатӣ  мебошанд, ки нисбат ба дастгоҳҳои пешин бартарии зиёд доранд.

Аъзам Ализода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ сол аз сол рушд ёфта, ба муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид гардида истодаанд.

Зимни суҳбат бо табибон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия изҳор дошт, ки ба пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон диққати махсус зоҳир намуда, сатҳи хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

АКСҲО: МИҲД н.Мастчоҳ

Январь 18, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд