ЧАРО ТО ҲОЛ НОРАСОИИ ТУХМИИ ХУШСИФАТ ҶОЙ ДОРАД? Шарҳи коршиносони соҳаи кишоварзӣ оид ба мавзӯи мубрами соҳа

Январь 23, 2022 08:52

ДУШАНБЕ, 23.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини кишоварзӣ дониста мешавад, зеро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  мавқеи асосиро маҳз тухмии хушсифат ишғол мекунад. Вазифаи асосии хоҷагиҳои тухмипарварӣ таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятиву инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад.  Айни замон дар Тоҷикистон 90 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият мекунанд, ки ба самти парвариши тухмии маҳаллӣ равона гардидаанд. Аммо ин хоҷагиҳои тухмипарварӣ танҳо 60 фоизи талаботи хоҷагиҳои деҳқониро бо тухмӣ таъмин карда метавонанду халос.  Аз ин рӯ дар мамлакат масъалаи норасоии тухмии хушсифат ва истифодаи бештари деҳқонони мамлакат аз навъҳои тухмиҳои воридотӣ мавҷуд аст. Пас, барои ҳалли ин масоил, ҷалбу ҳавасмандсозии деҳқонон баҳри истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ ва  рушди хоҷагиҳои тухмипарварӣ аз кадом имконият бояд истифода намуд?

Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки тухмии зироати кишоварзӣ бояд дар дохили мамлакат коркард, минтақабоб ва ба навъҳо ҷудо гардида, сипас барои истеҳсол намудан ба марди деҳқон пешниҳод гардад.  Барои истеҳсоли тухмии босифати маҳаллӣ бояд ба фаъолияти хоҷагии тухмипарварӣ диққати махсус равона гардад. Зеро майдони тухмипарварӣ сарфи хароҷоти зиёдеро аз майдони истеҳсолӣ талаб мекунад. Дар сурати пурра амалӣ намудани тамоми талаботи моддию техникӣ хоҷагиҳои тухмипарварӣ метавонанд тухмии босифат пешниҳод намоянд.

Мавсуф зикр намуд, ки ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ бояд якчанд  имтиёзҳо дода шаванд, чунки тухмипарварӣ на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ мусоидат мекунад, балки ба содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот зиёд гардад.

Сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Азизов дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки айни замон дар мамлакат 90 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 14-тои он фаъолияти начандон назаррас доранд.

Ҷӯрахон Азизов зикр намуд, ки ин хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба парвариши тухмии чигит, ғалладона, хӯроки чорво  машғуланд.  Тайи солҳои охир дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. Хоҷагиҳои пешқадами тухмипарварӣ инҳоянд:  ба номи Латиф Муродов, ЧДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, КИ «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара, КТ «Саид Алии Ҳамадонӣ»-и шаҳри Кӯлоб,  КИ «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониён, КИ ба номи Эргаш Султонови  ноҳияи Дӯстӣ ва «Овчӣ»-и ноҳияи Деваштич.

Директори Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов зикр намуд, «танҳо бо истифодаи дурусти замин ва тухмиҳои хушсифату серҳосил мо метавонем истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бештар намуда, сокинони мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат  пурра таъмин намоем».

Ба гуфти мавсуф, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар Марказ зиёда аз 12 ҳазор навъу намудҳои зироати маҳаллӣ захира ва ба кишоварзон барои истеҳсол намудан пешниҳод гардиданд.

Ба гуфти роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳангоми хариди тухмӣ фурӯшандаҳо бештар навъҳои хориҷиро муаррифӣ намуда, нашъунамои онро хуб арзёбӣ мекунанд.

Шарофиддин Кароматов зикр намуд, ки тухмиҳои маҳаллӣ аз навъҳои хориҷӣ бартарӣ доранд. Яке аз бартарии онҳо ин аст, ки ба тағйирёбии иқлим тобовар мебошанд. Инчунин агар тухмиҳои ватанӣ вобаста ба иқлими минтақа дуруст интихоб гарданд, ҳосили дилхоҳ дода, умри тӯлонӣ мебинанд.

Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки то замоне, ки мо аз берун ворид  кардани тухмии зироати кишоварзиро танзим намекунем, системаи тухмипарвариро дар дохил ташаккул дода наметавонем. Тухмие, ки ворид мешавад, он як ё се сол хизмат мекунад ва боз шароити вориди тухмии дигар ба миён меояд. Дар ин сурат харҷи маблағҳо зиёд мешавад.

«Агар он маблағҳое, ки ҳар сол барои ворид намудани тухмиҳои зироати кишоварзӣ сарф мешаванд, барои ба фаъолият оғоз намудану истеҳсол кардани тухмӣ дар ду хоҷагии ватанӣ равона мешуданд,   то имрӯз ин  90 хоҷагии тухмипарварии мамлакат хуб фаъолият намуда, ба кишоварзон тухмиҳои хушсифати ватанӣ пешниҳод менамуданд», — иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Таҳлилгарони соҳаи кишоварзӣ бар он назаранд, ки зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бунёди заминаи моддиву техникии устувор ва захираҳои боэътимод талаб мекунад. Дар мамлакат афзоиши аҳолӣ бо суръат давом дорад ва захираҳои минбаъдаи васеъ намудани майдонҳо барои истифодаи кишоварзӣ кам мебошанд. Бахусус майдонҳои обёришаванда маҳдуданд. Мувофиқи пешбиниҳо ва бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат, соли 2025 ба як шаҳрванд 0,07 гектар замини корам, аз ҷумла 0,06 гектар обёришаванда рост меояд. Пас тараққиёти минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ бе такмил додани селексия ва тухмипарварии растаниҳо, бахусус зароати афзалиятнок имкон надорад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини соҳаи мазкур ва беҳбуд бахшидан ба ин самт тайи солҳои охир корҳои назаррасе ба анҷом расонид. Дар ин раванд бори аввал «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 тасдиқ гардид. Инчунин «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» низ қабул гардида буд, ки ҳадафи барномаи мазкур амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди селексияи растанӣ, тухмипарварӣ ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар баробари қонунҳои ин соҳа якчанд барномаҳо таҳия шудаанд, ки ҳадафи онҳо ба беҳтар намудани фаъолияти соҳаи тухмипарварӣ, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ, карантин ва рушди селексияи растанӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа, таъмини амният ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ равона шудааст. Зеро шароити мусоиди иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки на танҳо бозори дохилӣ бо тухмии навъу дурагаҳои баландҳосили растаниҳо таъмин гардад, балки тухмӣ барои фурӯш берун аз ҳудуди мамлакат низ истеҳсол карда шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Январь 23, 2022 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад