Дар Душанбе масоили пешгирии гирифтории модару кӯдак ба бемориҳои сироятӣ баррасӣ шуд

Январь 25, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии гирифтории модар ва кӯдак ба бемориҳои сироятӣ 24 январ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони якчанд раёсату муассисаҳои тандурустӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Зикр гардид, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, хосатан ВНМО, сил ва дигар бемориҳо миёни модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҷаласа ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Январь 25, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд