Дар Хатлон беш аз 55 фоизи аҳолӣ вояи дуввуми ваксина гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 10 январ дар вилояти Хатлон 1 миллиону 472 ҳазору 497 нафар, яъне 72 фоизи шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро 1 миллиону 139 ҳазору 491 нафар- баробар ба 55,7 фоизи шаҳрвандони синнашон аз 18 боло гирифтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
То санаи зикргардида ба вилоят 3 миллиону 466 ҳазору 569 вояи ваксина ворид шудааст.
Дар вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи реҷаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, безараргардонии дастҳо, гигиенаи ҷамъиятӣ ва шахсӣ, гузаронидани муоинаи тиббӣ ҳангоми воридшавӣ ба ҷумҳурӣ ва даст назадан ба худмуолиҷакунӣ гузаронида мешаванд.
Ваксинаҳои истифодашаванда дар ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо истифодаи технологияи навтарин истеҳсол шуда, кафолати бехатарии онҳо таъмин аст.
Он ҳолатҳои нороҳаткунандае, ки баъди тазриқи ваксина сар мезананд, дар доираи меъёри «бархӯрди иммуниологӣ» дар бадан ҷой дошта, дар натиҷаи он муқовимат бар зидди сирояти коронавирус ҳосил мегардад. Ҳолатҳои номатлуби баъди тазриқ ба вуқӯъ омада — дардмандӣ дар ҷои тазриқ, дарди сар, дарди мушакҳо, бетоқатӣ, дилбеҳузурӣ, баландшавии ҳарорати бадан дараҷаи сабук, миёна ва кӯтоҳ муваққатӣ буда, давомнокиашон 2-3 шабонарӯзро ташкил медиҳад. То ҳол баъди эмгузаронӣ ҳолатҳои номатлуби вазнин ба қайд гирифта нашудаанд.
Аз ин лиҳоз шаҳрвандонро мебояд, ки ба ҳар гуна овозаҳои ҳангомаҷӯёна, ки боиси ваҳмангезию нигаронӣ аз натиҷаи тазриқи ваксина гашта, ҳолатҳои нороҳатиро вазнин мегардонанд, бовар накарда, аз кафолати сифату самаранокии эмгузаронӣ ба шубҳа наафтанд.
АКС аз манбаъҳои боз








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






