Дар Хатлон масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд

Январь 5, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия Муриват Маликшоев бо роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар баргузор гардид, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, роҳнамоии ҷомеа ба таълимоти касбӣ ва забономӯзии ҷавононе, ки азми муҳоҷират ба хориҷи кишвар доранд, баррасӣ шуданд.

Тавре раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён    изҳор дошт, муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз ҳамчун омили муҳими рушду таҳкими иқтисодиёт барои тамоми кишварҳои олам зарур арзёбӣ мегардад. Аммо масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ аз мушкилиҳои ҳалталаб аст.

«Биноан, мо фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳоро мебояд, ки бо аҳолӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таҳсили касбии ҷавонон қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  тақвият бахшида, мардумро огоҳ намоем, ки  бидуни омӯзиши забони русӣ ва хатми таҳсили касбӣ аз сафарбаркунии фарзандон барои муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия худдорӣ намоянд», – иброз дошт Қиёмиддин Миралиён.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия Муриват Маликшоев  оид ба кору рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар  Русия, фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон ҷиҳати тарғибу ташвиқи фарҳангу маданият ва расму ойинҳои мардумии халқи тоҷик дар хориҷи кишвар ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки айни замон зиёда аз 500 нафар ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии вилояти Иркутски Федератсияи Русия таҳсил доранд ва  ба хотири ҷалби  ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои ин вилоят тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Сол то сол шароити кории муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Иркутск  беҳтар  мегардад ва онҳо   дар ин диёри паҳновари Русия дар сохтмони майдону толорҳои варзишӣ саҳм гузошта, ҳамзамон ҳамчун бинокору меъморони касбӣ маҳорату таҷрибаи худро такмил медиҳанд. Аммо новобаста ба ин, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки қабл аз сафар омодагии ҷиддӣ бигирад, касбу ҳунареро аз худ кунад, забони муоширатро балад бошад, зеро талабот барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ марҳила ба марҳила мураккабтар мегардад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳалли мушкилиҳои муҳоҷирони кории тоҷик, пешгирӣ аз шомилшавии муҳоҷирони ҷавон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами вобаста ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима шуданд.                                              

                            АКСҲО аз КИ ХХДТ  дар вилояти Хатлон

Январь 5, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ОГОҲӢ. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд