Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба тафсири Паёми Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
ВАҲДАТ, 31.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо иштироки омӯзгорони коллеҷу меҳмонон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Масъулин зимни ҳамоиш изҳор доштанд, ки аз рӯи нуктаҳои асосии Паёми имсола нақшаи чорабинӣ таҳия карда, онро дар фаъолияти вазифавии ҳаррӯзаашон мавриди истифода қарор медиҳанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Меҳроб Ҳайдарзода гуфт, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Паёми Сарвари давлат дастури раҳнамои ҳар сокини кишвар барои имрӯзу фардо ва зиндагии босаодату ободи мардуми Ватани азизамон мебошад. Ҳайати омӯзгорони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳар нуктаи дар Паёми Пешвои миллат баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос пайваста саъю талош хоҳанд кард».
Омӯзгорону меҳмонон дар ҷамъомад вобаста ба 20 % зиёд кардани музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, панҷсолаи саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, зиёд намудани сафи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва рушди соҳаи маорифу омода намудани мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгӯ сухан гуфтанд.
АКС: Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






