Дар ноҳияҳои Сангвору Лахш ва шаҳри Турсунзода ҷашни Садаро таҷлил намуданд
ЛАХШ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Сангвору Лахш иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Фаъолону кишоварзон ва дигар сокинон дар макони баргузории ин чорабиниҳо гулхан афрӯхта, дар атрофи он бо хурсандӣ давр зада, омодагии худро ба давраи муҳайё сохтани шароит барои кишту кори баҳорӣ иброз доштанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар маросими таҷлили ин ҷашни таърихӣ намоишгоҳҳои идонаи иборат аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ташкил шуданд, ки аз меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Лахшу Сангвор дарак медиҳанд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Хушбахтона, соли 2021 кишоварзони шаҳри Турсунзода ба андозаи беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 200 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра зиёда аз 29 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла 24 ҳазор тонна ангур ба мамлакатҳои дуру наздик содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёд аст.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд изҳор дошт, ки «Мояи шодмонист, ки кишоварзони ноҳия имсол низ ҷашни расмии Садаро бо дастовардҳои ҷолиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Хушбахтона, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия соли 2021 ба 218,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 12 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад».
АКСҲО: мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Лахш, Турсунзодаю Сангвор













Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд






