Дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Деваштич бунёди боғҳо оғоз ёфт

Январь 15, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд бо назардошти тавсияҳои олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ бунёди боғҳои анъанавию интенсивӣ оғоз ёфт.

Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ “Ховар” хабар дод, бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муад»-и шаҳри Истаравшан ба бунёди боғи бодом оғоз бахшида шуд. Ин ҷамъият тасмим дорад, ки боғи бодом ташкил карда, саҳми худро барои таъмини бозор бо бодом гузорад.

Барои ташкили боғ як қисми ниҳолҳои зарурӣ аз Эрон ворид гардида, марҳила ба марҳила давоми сол масоҳати боғи бодом то ба 30 гектар расонида хоҳад шуд. Ҳамзамон ҷамъияти мазкур дар масоҳати 50 гектар парвариши офтобпарастро ба роҳ мемонад, ки таҷрибаи нав дар минтақа мебошад ва дар маҷмӯъ дар шаҳри Истаравшан соли ҷорӣ ташкили 100 гектар боғҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияҳои Спитамену Деваштич низ бунёди боғҳо оғоз ёфта, давоми сол дар ин ноҳияҳо низ 100-гектарӣ боғҳои нав ташкил карда мешаванд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Уяс»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва Хоҷагии деҳқонии «Абдурашидбобо»-и деҳаи Қалъаи Эшони ноҳияи Деваштич ширкат варзида, гуфт, ки бунёди боғҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешаванд.

Аъзои Хоҷагии деҳқонии «Уяс» тасмим гирифтаанд, ки 1 гектар боғи кӯҳнаро решакан намуда, ба ҷойи он боғи нави интенсивӣ бунёд намоянд. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Абдурашидбобо» соли равон дар 5 гектар боғҳои нав бунёд менамоянд.

Боғпарварӣ яке аз шуғлҳои даромадноки кишоварзони минтақаҳои вилоят буда, соли гузашта дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд карда шудааст.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 15, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент дарахти павловния парвариш карда мешавад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Дар Истаравшан дар 7 гектар ниҳолҳои павловния шинонида шуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар раванди cабзазоркунӣ бояд аз растаниҳои маҳаллӣ бештар истифода намуд
Дар шаҳри Бӯстон беш аз 2 ҳазор бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд
Дар Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ 4300 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
«БА ДАРАХТОН ОБ ДИҲЕД!». Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизиб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маъракаи ҳизбӣ мегузаронад
Зиёда аз 4 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб зимистони сардро бе зарар гузарониданд
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад