Дар Тоҷикистон гирифтани вояи сеюми ваксинаи зидди COVID-19 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани вояи сеюми ваксинаи зидди COVID-19 оғоз гардида, аллакай табибон аз реваксинатсия гузаронида шуда истодаанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров.
Ба гуфтаи мавсуф, дар навбати баъдӣ омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ бояд вояи сеюмро бигиранд.
Тавре аз маркази марбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва кормандони беморхонаи клиникии сироятӣ вояи сеюми ваксинаро гузарониданд.
Наврӯз Ҷаъфаров зикр намуд, ки айни замон ба далели пайдоиши штамми нави «омикрон» нафароне, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо такя ба тавсияи профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов иттилоъ дода буд, шаҳрвандон бояд ҳар шаш моҳ як маротиба аз реваксинатсия* гузаранд.
Ба гуфтаи Саидбек Сатторов, вақте ба бадани инсон бори якум ваксина гузаронида мешавад, бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо гардида, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.
Касоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо табиатан сатҳи баланди масуният пайдо мешавад. Ва ин масуният то 6 моҳ қобилияти муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ин нафар бояд аз нав ваксина карда шавад.
_________________
*Реваксинатсия – тадбирҳои вобаста ба таҳким додани масунияте, ки баъди ваксинатсияи гузашта ҳосил шудаанд.
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






