Дастаи ноҳияи Ашт дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷои аввалро соҳид гардид

Январь 2, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷои аввалро соҳид гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ​ баргузор гардид,

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои ғолиби даври вилоятии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии тобеи марказ миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медал, диплом, мукофотпулӣ ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд.

 АКС аз МИҲД н.Ашт

Январь 2, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд