Федератсияи байналмилалии ҷудо қоидаҳои навро барои даври олимпии Париж-2024 тасдиқ намуд

Январь 7, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) маҷмӯи қоидаҳои навро эълон кард, ки ба ҳифзи варзишгарон ва «модернсозии» ин намуди варзиш дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мусоидат  хоҳад кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пас аз он ки Федератсияи байналмилалии ҷудо аз федератсияҳои миллӣ тавсияҳо гирифт, ба қоидаҳои доварӣ якчанд тағйирот ворид карда шуд. Тағйироти баҳсноктарин ба амали «сеои наге» илова шуд, ки дигар он ҳаракати одӣ набуда, иҷрои он ба ҷазои ҷудочӣ оварда мерасонад.

Дар ин амал, ки аз ҷониби Ҷой Мин Ҳо аз Кореяи Ҷанубӣ, чемпиони олимпӣ маъмул шудааст, дида мешавад, ки ҳариф рақибашро пеш аз гардиш гирифта, ба пушт мепартояд.

Дигар тағйири қоидаҳо варзишгаронеро дар бар мегирад, ки агар онҳо либос ё мӯйи худро зиёда аз як маврид танзим кунанд, шидо мегиранд.

Бо сар чун шиновар ҳуҷум кардан ҳамчун амали хатарнок ҳисобида мешавад ва ҷудочӣ барои содир кардани ин амал аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум мешавад, ҳамчунин варзишгарон дар сурати ба қафо афтидан ду оринҷ ё дастонашонро ба замин монанд, ҷазо дода мешаванд.

Ба қоидаҳо оид ба доштани ҳариф низ тағйирот ворид карда шуданд.

Сармутахассиси варзиши Федератсияи байналмилалии ҷудо Владимир Барта гуфт, ки ҳадафи ин қоидаҳо ҳифзи варзишгарон мебошад.

«Мо аз федератсияҳои миллӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қоидаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳо гирифтем. Қоидаҳои нав аз аввали соли 2022 эътибор пайдо карда, то соли 2024 амал мекунанд», — гуфт Барта.

Қоидаҳои нав дар Гран Прии Одивелас, ки қарор аст аз 28 то 30 январ дар Португалия баргузор гардад, ҷорӣ карда мешаванд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Январь 7, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад