ФУТЗАЛ. Дар Душанбе Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 09.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нав таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) нахустин мусобиқа дар Тоҷикистон- Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона аз 19 то 29 январ сурат мегирад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чор дастаи мунтахаб барои гирифтани мақоми пурзӯртарин дар минтақа мубориза мебаранд. Дар чемпионат дастаҳои занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода мекунад.
Чемпионати футзали занони CAFA-2022 аз рӯи системаи дудаврӣ баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Ҳама бозиҳои мусобиқа дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе баргузор мешаванд, ки он метавонад дар як вакт се ҳазор тамошобинонро қабул кунад.
АКСҲО: ФФТ









ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид






