ИМРӮЗ БА ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН 30 СОЛ ПУР ШУД. Гумрукчиёни тоҷик соли 2021 ба буҷети давлатӣ қариб 7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуданд

Январь 22, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ«Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ 6 миллиарду 809,1 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 981,1 миллион сомонӣ ё 116,8 фоиз  ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 843,3 миллион сомонӣ ё 114,1 фоиз  зиёд мебошад. Воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ  дар соли 2021 дар қиёс ба соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 339,7 миллион сомонӣ  зиёдтар мебошад. Дар иртибот ба  зиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ дар соли 2021 зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  20  январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ташаккур баён доштанд.

Ин пайғоми нек дар арафаи иди касбии гумрукчиён расид.

Имрӯз, 22 январ гумрукчиёни тоҷик 30-юмин солгарди рӯзи  таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Сирри муваффақияти соҳаи гумрук дар чист?

Дар остонаи 30-юмин солгарди Рӯзи таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Хуршед Каримзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки  роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки кишвар соли 2021 дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолиятро ба таври густурда ва самарабахш ба роҳ монда, дар натиҷа ба дастовардҳои чашмрас муваффақ гардиданд. Генерал-лейтенант изҳор намуд, ки дастовардҳои соҳа дар соли 2021, ки  барои миллати тоҷик соли таърихӣ- таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бозгӯи фаъолияти самараноки масъулони соҳа дар самти иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва қонунгузории бахши калидии иқтисоди миллӣ мебошад. Аз нақша барзиёд- қариб 7 миллиард сомонӣ иҷро гардидани  пардохтҳои гумрукӣ дар соли сипаригардида ба кадом омилҳо иртибот дорад?

Дар посух ба ин савол Хуршед Каримзода гуфт, ки барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли гузашта аз амалӣ шудани  такмили низоми маъмурикунонии соҳа, хусусан татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ, барасмиятдарории босифати молҳои мавриди ниёзи мардум, гузарондани машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони иқтисодии хориҷӣ, тақвияти фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маҳсулот сарчашма мегирад.

Мақомоти гумрук — зодаи даврони истиқлолият

Хуршед Каримзода зикр намуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992  бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода  шудааст. Дар ин рӯзи таърихӣ -30-солагии таъсиси мақомоти гумруки кишвар номи  шахсоне, ки дар таъсис ва ташаккули заминаи мақомоти гумруки Тоҷикистон саҳми шоиста гузоштаанд, назири собиқадорони гумрук Худойқул Ҳамроқулов, Саиданвар Камолов, Кенҷа Ҳасанов, Назар Норбоев, Давлат Шарипов ва чанде дигаронро ба забон овардан рисолати нек аст.

Мақомоти гумрук — ниҳоди калидӣ дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи  хоссаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сохтори калидию  мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети  кишвар  табдил гардид. «Мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ ба шумор рафта, нақши он дар танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ муҳим аст»,- мегӯяд Хуршед Каримзода. Ҳамзамон таъмини амнияти иқтисодии кишвар рисолати асосии Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ буда,  аз ин рӯ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсиррасон аст. Рисолати Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии халқамон ва  назорат  аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ нигаронида шудааст.

Гумруки Тоҷикистон узви СҶГ ва беш аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалист

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук ва зиёда аз 100 конвенсияю созишномаҳои  байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Роҳбарияти мақомоти гумруки мамлакат дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Соли гузашта  роҳбарияти мақомоти гумрук бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд барои тақвияти ҳамкорӣ дар  соҳаи гумрук вохӯриҳои судманд анҷом дод. Масъалаҳои ироаи кумакҳои моддию техникӣ,  табодули омори гумрукӣ, таҷриба, иштироки фаъолона дар робитаҳои минтақавии соҳавӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ аз мавзуоти меҳварии вохӯриҳо буданд.

Дар доираи ислоҳоти мақомоти гумрук инфрасохтори гумрукӣ таҷдид гардид

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот замонавикунонӣ ва ислоҳоти мақомоти гумрук мебошад, ки татбиқи он дар асоси созишномаи қарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад аз соли 2005 инҷониб Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфрасохтори назди Хадамот фаъолият менамояд, ки масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳа ба зиммаи он гузошта шудааст. Тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар  самти таҳкими заминаи моддию техникӣ Хадамоти гумрук ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии муосир гардиданд.

Дар зарфи 30 соли охир  қариб 60  иншооти  нав  ба истифода дода шуда, зиёда аз сад иншоот таъмиру таҷдид гардиданд. Дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бунёд гардида, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ таъмин шудаанд. Инчунин  дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» «Гулистон» ва Терминали «Дӯстӣ» ба истифода дода шуда, чандин иншооти гумрукӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, биноҳои дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рузвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хушодӣ» ва  «Патар» мавриди истифода қарор гирифтанд. Терминали гумрукии «Мурғоб» сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Дар ин давра мақомоти гумрук  дорои таҷҳизоти назоратии муосир шуд. Кормандони мақомоти гумрук барои пешбурди фаъолияти хизматиашон бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ, муоина ва назорати гумрукӣ таъмин гардиданд.

Нигоҳе ба таърихи ташаккули мақомоти гумрук

22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони ҷумҳурӣ заминаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат гузошта шуд. Раванди  барқароршавии мақомоти гумруки кишвар ба шароити хеле мураккаб рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти кишварро ташкилкунанда мусоидат намуданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ монданд. Танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён мерос монд ва зиёда аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд. Агар ба таърихи гумрук дар замони собиқ  Шӯравӣ назар афканем, дар он солҳо Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ  фаъолият дошт. Дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда  дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз маҳсуб меёфт. Соли 1987 шуъбаи фаврии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки ба гумруки Тирмиз тобеъ буд. Соли 1989 гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати шахсии 41 нафар таъсис дода шуд, соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд.

Ёд аз родмардоне, ки дар роҳи ҳифзи амнияти иқтисодӣ ҷон нисор кардаанд

Аз рӯзҳои мавҷудияти мақомоти гумруки  кишвар гумрукчиёни тоҷик садди роҳи гурӯҳҳои ҷинояткоре мегардиданд, ки аз вазъи номӯътадили сиёсӣ ва мақомоти фалаҷгардида истифода бурда, сарватҳои кишварамонро ғорат менамуданд. Кормандони гумрук ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳо, ки дар кишварамон  нобасомониҳо  авҷ гирифта буданд, ҷойи кори худро тарк накарда, то охир ба вазифаҳои хизматии худ содиқ монданд. Дар чунин шароити вазнин беҳтарин анъанаҳои фаъолияти мақомоти гумруки кишвар  ба вуҷуд омаданд.

Дар арафаи  ҷашни 30-юмин солгарди таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёд намудани хотираи неки аввалин гумрукчиёни тоҷик- Мавлон Олимов,  Алмос  Гадоев,  Назирмад  Гулматов,  Рустамбек  Ғаниев,  Ғоиб Мирзоев, Шавкат Агаев,  Алӣ Имомназаров, Сергей Ситковский ва чанде дигарон, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро нисор намудаанд, амри хайр аст.  Ин родмардони шуҷоъ бо фидокорӣ, далерӣ  ва  меҳнати софдилона дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар он шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии кишвар мардонагӣ нишон дода,  ба вазифаи хеш содиқ монданд. Корномаи чунин родмардони ғаюр  ифтихорест дар ҷодаи садоқат ба Ватан барои насли имрӯз, хусусан гумрукчиёни ҷавон, зеро шуҷоатмандии онҳо дар саҳифаи таърихи гумруки кишвар сабт гардидааст.

Кодекси гумрук дар иҷлосияи таърихӣ тасдиқ гардид

Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия  намуд ва он дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия шуда, барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба маҳсуб меёбад, қабул гардид. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2005 мавриди амал қарор дорад,  23 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ равона гардидааст. Соли 2020 ҳамзамон тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи  амалисозии чорабиниҳои Барномаи дастгирии  давлатии соҳибкорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Он дастрасии иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба муҳтавои меъёрҳои қонунгузории гумрукӣ васеъ намуда, ба бештар гардидани фаъолияти ҳуқуқтаъминкунии мақомоти гумрук ва ташаккули низоми шаффофи савдои хориҷии кишвар мусоидат менамояд. Таҳияи тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷрибаи нахустини  шарҳи қонунгузории  гумрукӣ маҳсуб ёфта, ба татбиқи ҳадафҳои  «Барномаи миёнамуҳлати  рушди мақомоти гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои   2020-2024» мусоидат менамояд.

Табодули мол омили пайдоиши мақомоти боҷгир гардид    

Пайдоиши гумруку ташаккули фаъолияти гумрукӣ ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ иртибот дошта, ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Марказӣ боиси фаъол шудани муносиботи тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти мол миёни қавму халқияти гуногун рушд меёфт. Сарзамини аҷдодиамон дар он замон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ   миёни кишварҳои Машриқзамин, назири Чину Ҳиндустон ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ пули иртиботӣ маҳсуб меёфт, зеро корвонҳои пур аз мол қаламрави Осиёи Марказиро убур мекарданд. Рушди савдо яке аз омилҳои асосии зуҳури низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардид.

Дар аҳди  сулолаи Сомониён девони мӯҳтасиб фаъолият дошт

Нахустин боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи «боҷи дарвоза» ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ гардиданд. Ҳанӯз дар аҳди Сомониён, ки бо низоми пешрафтаи идоракунии давлатӣ маъруф буд, «Девони мӯҳтасиб» фаъолият мекард ва аҷдодонамон бо кишварҳои Аврупо ва Осиё робитаи густурдаи иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор намуда буданд. Тоҷирони ин кишварҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд ва усулҳои гуногуни андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ гардида буданд.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ»  гузашт

Мақомоти гумрук баҳри сода гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ корҳои назаррас ба анҷом расонидаст. Хусусан дар самти барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ, аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми воридоти молҳо аз хориҷи кишвар ба мушоҳида мерасиданд, тартиби декларатсия кардани молҳо ва сода гардонидани расмиёти гумрукиро мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо истифода шуда, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонист, татбиқ намуд.  Дар сохтори Хадамоти гумрук маъмурияти низоми  иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар назди Хадамоти гумрук Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона» таъсис дода шуд. Инчунин аз сентябри соли  2020 Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин шуда, ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузашт. Роҳандозии низоми мазкур қадами муассир дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон буда,  гузаришро аз шакли коғазӣ  ба шакли электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд. Ин низом  дар минтақа нахустин таҷрибаи гузариш ба усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна буда, дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷчати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти ваколатдорро танзим менамояд.

Бо истифода аз низом соҳибкор метавонад аз нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро барои ба даст овардани  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешавад, ирсол намояд  ва барнома ба таври автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти  алоқаман дастрас месозад.

Кормандони мақомоти гумрук соли 2021 новобаста ба пандемияи COVID-19 барои таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолияти самарабахш анҷом доданд. Дастовардҳои соҳа дар соли 2021 бозгӯи фаъолияти самараноки масъулини соҳа дар самти иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва қонунгузории бахши калидии иқтисоди миллӣ мебошанд.

                                                       Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

     P.S. АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти гумруки мамлакатро бо иди касбӣ ва 30-юмин солгарди таъсиси  мақомоти гумрук шодбош гуфта,  ба онҳо саломатӣ ва муваффақият орзу менояд.

         АКСҲО: Хадамоти гумрук ва манбаъҳои боз

Январь 22, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад