IRS: Бо вуҷуди бориши шадиди барф дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст

Январь 13, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо вуҷуди он ки шурӯъ аз субҳи имрӯз дар роҳи мошингарли Душанбе-Чанок бориши барф шиддат гирифтааст, ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур таъмин аст.

Чун ҳарвақта кормандони нигоҳдориву хизматрасонии роҳи мазкур — филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзам ва бехатари нақлиёт таъмин бошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар мошинҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба гузариши фураҳо ва нақлиёти ядакдор маҳдудият ҷорӣ мегардад.

 

АКС: маркази матбуоти ширкати IRS

Январь 13, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст