КҲФ ва МГ: Ронанда ва мусофирони 20 мошини миёни тарма монда дар роҳи Душанбе-Варзоб ба макони бехавф интиқол дода шуданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва хадамоти роҳи ширкати «IRS» 20 ронанда ва мусофирони мошинҳои миёни тарма мондаи роҳи Душанбе-Варзобро ба макони бехавфу хатар интиқол доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳамоно дар роҳҳои Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Лахш, Кӯлоб — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КҲФ ва МГ хабар медиҳад.
16 январ дар километрҳои 62500, 64500, 65500, 66, 68, 69, 70, 72, 73 ва 74 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ки аз қаламрави Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои интиқоли одамон аз макони хавфнок ба ҷойҳои амн гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба он ҷонишини якуми Раиси КҲФ ва МГ, полковник Ҳотамшо Латифзода сарварӣ мекунад. Дар айни замон корҳо барои бартараф намудани пайомадҳои тарма ва резиши барф идома доранд. Роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста аст.
Ҳамчунин дар ҷойҳои лағзиши тарма барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи IRS постгоҳҳо ташкил карда шудаанд.
Барои тозакунии роҳ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, хадамоти роҳи «IRS» ва нафотдиҳандагони КҲФ ва МГ ҷалб шудаанд. Бар асари резиши барфу лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали Кумита мунтазам посбонӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.
Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар, бориши борону барф дар минтақаҳои мухталифи кишвар то 20 январ идома хоҳад кард.
Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳиву ноҳияҳои наздикӯҳӣ маҳдуд кунанд. Рафтан ба чарогоҳ ҷиҳати чорвочаронӣ, шикоргоҳ, моҳидорӣ ва ғунучини ҳезум дар чунин рӯзҳо бехатар нест.
Инчунин Кумита дар давраи сардӣ ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои зеринро риоя кунанд, аз ҷумла дар ҳар хона новобаста ба системаи гармидиҳии он (газӣ, бухорӣ ва ғайра) бояд ҳатман захираи сӯзишворӣ бошад.
Ҳамеша ҳарорати гармиро як хел нигоҳ дошта, пеш аз он ки хонаҳо сард шаванд, системаи мустақили гармидиҳиро фаъол намоед. Ҳаргиз аз дастгоҳи барқии дастсохт истифода накунед!
Ҳангоми шамоли сахт зери дарахтон, пояҳои реклом ва хатҳои интиқоли қувваи барқ наистед!
Соҳибони мошинҳои шахсӣ бояд ҳатман пеш аз сафар омодагии мошини худро санҷанд. Фаромӯш накунанд, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон мошини онҳо ҳатман бояд бел, табар, ҳезум, ҳалқаҳо барои барф, фонус, захираи ғизо ва ғайра дошта бошад. Ҳатман бо худ телефони ҳамроҳ бигиред.
Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода метавонед бо ин рақамҳо занг занед ва кумак хоҳед:
– Навбатдори масъули Кумита -112, 221-91-19, 223-13-11;
– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76
– Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744
– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд — рамз 3422 тел: 51555, 57995
– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – рамз 3222 тел: 23505, 27827
– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – рамз 3322 тел: 21656, 21657
– Навбатдори масъул дар минтақаҳои ноҳияҳои Рашт – рамз 3131 тел: 22374
– Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор – рамз 3139 тел: 26074
АКС: КҲФ ва МГ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






