Нақши захираҳои обии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи «Сарват» – и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани табиати мӯъҷизаофар, аз қабили чашмаҳои шифобахш, обҳои минералӣ, рӯду дарёҳои пурҷӯш ва пиряхҳои калонҳаҷми худ қалби ҳазорон сайёҳро тасхир намуда, ба яке аз давлатҳои пешсаф дар ҷалби сайёҳон табдил гардидааст. Сайёҳӣ самти афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нақши он дар рушди иқтисоди мамлакат ва муаррифии маконҳои тамошобоби мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳон муҳим мебошад.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва бештар намудани имтиёзҳо барои сайёҳони хориҷӣ зиёд буда, бо ин мақсад тадбирҳои созанда андешида мешаванд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун иқдоми муҳими роҳбарияти мамлакат дар масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар солҳои 2019-2021 маҳсуб мешавад. Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Мудири кафедраи методикаи таълими география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Амриддин Самиев изҳор медорад, ки истифодаи ҳадафмандонаи кӯлу дарёҳои мамлакат баҳри рушди сайёҳӣ сабаби ҷалби бештари сайёҳон ба ҷумҳурӣ мегардад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши захираҳои обии мамлакат дар рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






