Нақши захираҳои обии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи «Сарват» – и Радиои «Ховар»

Январь 31, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани табиати мӯъҷизаофар, аз қабили чашмаҳои шифобахш, обҳои минералӣ, рӯду дарёҳои пурҷӯш ва пиряхҳои калонҳаҷми худ қалби ҳазорон сайёҳро тасхир намуда, ба яке аз давлатҳои пешсаф дар ҷалби сайёҳон табдил гардидааст. Сайёҳӣ самти  афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нақши он дар рушди иқтисоди мамлакат ва муаррифии маконҳои тамошобоби мамлакат  ба ҷомеаи ҷаҳон муҳим мебошад.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва бештар намудани имтиёзҳо барои сайёҳони хориҷӣ зиёд буда, бо ин мақсад тадбирҳои созанда андешида мешаванд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун иқдоми муҳими роҳбарияти мамлакат дар масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар солҳои 2019-2021 маҳсуб мешавад. Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Мудири кафедраи методикаи таълими география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ Амриддин Самиев изҳор медорад, ки истифодаи ҳадафмандонаи кӯлу дарёҳои мамлакат баҳри рушди сайёҳӣ сабаби ҷалби бештари сайёҳон ба ҷумҳурӣ мегардад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши захираҳои обии мамлакат дар рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Январь 31, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд тавзеҳ меёбанд
Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» хатари истеъмоли обҳои газдору бегаз тавзеҳ меёбад
Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» омодагӣ ба Конфронси байналмилалии дуюми оби Душанбе баррасӣ мешавад
Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли он баррасӣ мегардад
Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» масъалаи истифодаи самараноки замин ва мушкилоти хоҷагидорон баррасӣ мешавад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи дастгирии молиявӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шарҳ дода мешавад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» ду Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об шарҳ дода мешаванд
Барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» паҳлӯҳои ҳуқуқии истифодаи обро тавзеҳ медиҳад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ мешаванд
Имрӯз — Рӯзи байналмилалии дарёҳо. Барномаи навбатии «Сарват»-и Радиои «Ховар» ба ин мавзӯъ бахшида мешавад
ВАО ва муаммоҳои экологӣ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Аҳамияти эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»