ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Январь 27, 2022 08:08

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 26-31 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 2-3 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-2 дараҷа хунук  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки 28-29 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Аз 29 то  31  январ дар баъзе ноҳияҳо фаромадани тормеғ дар назар аст. Аз 28 то 30 январ дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар, дар ғарби ВМКБ ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ,  Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва фаромадани тарма дар назар аст.

Январь 27, 2022 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таъмини бехатарии радиатсонӣ машварат баргузор шуд
Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба кӯдакони Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ бо се забон таълим дода мешавад
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад