ҶОИ ДУЮМ ДАР ИДМ ВА ҶОИ ҲАШТУМ ДАР ҶАҲОН. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад иқтидори энергетикии кишварро ба 10 ҳазор МВт расонад

Январь 6, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон азм  дорад то соли 2030 иқтидори энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонад. Дар ин бора хабаргузории «Авесто» бо истинод ба идораҳои соҳавии марбутаи бахши иқтисодии кишвар хабар додааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ дар ин самт 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд, ки ба 4 ҳазор МВт афзудани иқтидори иловагии энергетикии кишвар мусоидат мекунад. Ҳамин тавр, давоми ҳашт соли наздик иқтидори умумии энергетикии ҷумҳурӣ ба 10 ҳазор мегаватт мерасад.

Ин нишондиҳанда бо амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сохтмон ва бозсозии иншооти энергетикӣ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, ҳоло дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои азими сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, ба мисли НБО Роғун, таҷдиди дигар неругоҳҳои барқи обӣ — “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроқум” мавриди амал қарор доранд.

Идораҳои дахлдор ҳамчунин зикр мекунанд, ки истифодаи дигар намудҳои манобеи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла офтобу шамол дар назар аст.

Айни замон асосноккунии техникӣ-иқтисодии се лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт идома дорад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, ин лоиҳаҳо давоми панҷ соли оянда ба амал бароварда мешаванд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки 527 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешаванд.  Аз нигоҳи техникӣ, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз ҳамагӣ 4-5 фоизи он истифода шудааст. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ИДМ, пас аз Русия, ҷои дуюм ва дар ҷаҳон, пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштумро ишғол мекунад. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли равон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ин нуктаро таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки асоси бахши энергетикаи Тоҷикистонро 95 дарсад ва бештар аз он неругоҳҳои обӣ ташкил медиҳанд. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи неруи барқ ​​дар тамоми Осиёи Марказӣ се баробар бештар аст. Бо истифодаи самараноки ин захираҳо метавон минтақаро бо энергияи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин кард. Иқтидори асосии гидроэнергетикӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷамъ шудааст.

ДАР АКСТ: Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун, 9 сентябри соли 2019. Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд