Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои офаридани беҳтарин мусаввараи НБ озмун эълон намуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва ҷиҳати мукаммал гардонидани маҷмӯи асарҳои санъати тасвирии фонди осорхона миёни рассомони касбии кишвар озмуни «Беҳтарин мусаввараи НБО» эълон намудааст.
Тибқи талаботи озмун, мусаввараҳои офаридаи рассомон бояд дастовардҳои даврони муосир дар соҳаи энергетикаи мамлакат, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Қайроққум», «Шаршар», «Сарбанд», «Марказӣ» ва «Норак», бахусус НБО-и пуриқтидори солҳои соҳибистиқлолӣ сохташудаи «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Роғун», рӯйдодҳои муҳими таърихии дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (аз ҷумла, ба истифода додани чархаи якуму дуюми НБО-и «Роғун») ва лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони онҳоро дар бар гиранд.
Ҳамчунин дар мусаввараҳо бояд ҷараёни кори сохтмони иншооти замони муосир, симои қаҳрамонони бригадаҳои бузургу номдори сохтмонӣ ва арсаи меҳнат, ҷамъомаду вохӯриҳои аҳли адабу ҳунар ва сиёсатмадорони кишвар бо сохтмончиён, инчунин манзараҳои дилошӯби неругоҳҳои обию барқӣ таҷассум ёфта, бинандаро ба андешаи ифтихор аз ватану ватандорӣ ва ободии кишвар водор созанд.
Беҳтарин асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи хариди МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» тибқи муқаррарот харидорӣ ва дар фонди муассиса ҳифз гардида, дар намоишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ба тамошо бароварда мешаванд.
Озмун то 10 марти соли равон идома ёфта, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мегардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






