Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои офаридани беҳтарин мусаввараи НБ озмун эълон намуд

Январь 16, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ба муносибати Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026  ва ҷиҳати мукаммал гардонидани маҷмӯи асарҳои санъати тасвирии фонди осорхона миёни рассомони касбии кишвар озмуни «Беҳтарин мусаввараи НБО» эълон намудааст.   

Тибқи талаботи озмун, мусаввараҳои офаридаи рассомон бояд дастовардҳои даврони муосир дар соҳаи энергетикаи мамлакат, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Қайроққум», «Шаршар», «Сарбанд», «Марказӣ» ва «Норак», бахусус НБО-и пуриқтидори солҳои соҳибистиқлолӣ сохташудаи «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Роғун», рӯйдодҳои муҳими таърихии дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (аз ҷумла, ба истифода додани чархаи якуму дуюми НБО-и «Роғун») ва лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони онҳоро дар бар гиранд.

Ҳамчунин дар мусаввараҳо бояд ҷараёни кори сохтмони иншооти замони муосир, симои қаҳрамонони бригадаҳои бузургу номдори сохтмонӣ ва арсаи меҳнат, ҷамъомаду вохӯриҳои аҳли адабу ҳунар ва сиёсатмадорони кишвар бо сохтмончиён, инчунин манзараҳои дилошӯби неругоҳҳои обию барқӣ таҷассум ёфта, бинандаро ба андешаи ифтихор аз ватану ватандорӣ ва ободии кишвар водор созанд.

Беҳтарин асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи хариди МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» тибқи муқаррарот харидорӣ ва дар фонди муассиса ҳифз гардида, дар намоишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ба тамошо бароварда мешаванд.

Озмун то 10 марти соли равон идома ёфта, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мегардад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 16, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд