Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе прапоршики Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ш. Сангалиевро гунаҳгор донист

Январь 21, 2022 10:35

ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи ҳарбии  гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110,  қисми 1Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок) нисбат ба  сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович, соли таваллудаш 02.02.1999 ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Сангалиев Шоҳрух Рустамович зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22 июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст.

Чунончӣ 16 августи  соли 2021,  тахминан соати 19:30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ байни хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии номбурда  прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст. Дар ҷараёни  муноқиша прапоршик Сангалиев Ш. Р. бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенанти  калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ барои ҳаёт хавфнок расонидааст.

«Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе судшаванда Сангалиев Шоҳрух Рустамовичро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110,  қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, номбурдаро маҳкум кард»,- омадааст дар хабари  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.    

АКС аз манбаи боз

Январь 21, 2022 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад