САВГАНДИ ҲАРБӢ. Ҳадаф ин аст, ки масъулиятшиносӣ аз миён наравад, аҳдшиканӣ набошад ва қонуншиканӣ дида нашавад

Январь 3, 2022 09:13

ДУШАНБЕ, 03.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти Тоҷикистон зарурати таъсиси Артиши миллиро ба миён гузошт. Таъсиси артиш  тақозо намуд, ки он идорашаванда бошад, яъне дар ҷузъу томи он низому тартибот, риояи қонуну қонуният ва амру фармонҳо дар сатҳи баланд иҷро гарданд. Ба ин далел бояд дар Артиши миллӣ Савганди ҳарбӣ қабул гардад, зеро он хизмати мушкили ҳарбиро барои сарбозон сабук гардонида, онҳоро ҳамчун фарди комил тарбия мекунад ва обутоб медиҳад. Вобаста ба Савганди ҳарбӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти сарбозон мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Парвиз БОЙЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Ҳадаф аз савганд хӯрдан чист? Ва оё  ҳамаи касбу корҳое, ки бо инсон ва тарбияи он сару кор мегиранд, бояд савганди худро дошта бошанд?

П.Бойзода: Маълум аст, ки аз байни касбу корҳои зиёд ба ҷуз ҳарбиён табибон низ савганди худро доранд, ки он  бо номи ҳаким Гиппократ машҳур гаштааст. Ҳатто омӯзгорон, ки бо насли наврас сару кор мегиранд ва аз меҳнати онҳо ташаккул ёфтани шахсияти ҷавонон вобаста аст, Савганди омӯзгорӣ доранд. Яъне, тавассути ин савганд омӯзгор худро назди ҷомеа башарӣ вазифадор меҳисобад, ки ба касбаш содиқ бимонад ва нисбат ба толибилмон ҳамеша хайрхоҳ бошад.

Ба андешаи мо, ҳамаи касбу корҳое, ки бо инсон ва тарбияи он сару кор мегиранд, бояд савганди худро дошта бошанд. Ҳадаф ин аст, ки масъулиятшиносӣ аз байн наравад, аҳдшиканӣ набошад ва қонуншиканӣ дида нашавад. Савганд- ин уҳдадорӣ, масъулиятшиносӣ ва иҷрои талаботест, ки халқу Ватан дар назди мо мегузорад. Савганд-ин иҷрои вазифаҳои муқаддас аст. Амалӣ гаштани ҳамаи вазифа ва мақсаду маромҳое, ки дар савганд ифода ёфтааст, аз масъулиятшиносии ҳар хизматчии ҳарбӣ вобастагӣ дорад.

Савганд- ин амният, оромӣ, осудаҳолӣ, таъмини бехатарӣ, анҷом додани меҳнати осоишта ва хотирҷамъии мардум мебошад. Ҳамон вақт мардум дар кишвар оромона фаъолият ва зиндагии пуршарафро ба роҳ мемонанд, ки агар афсарон ва сарбозони Артиши миллии кишвар меҳанатдӯст, миллатдӯст ва хайрхоҳи ҷомеа бошанд.

АМИТ «Ховар»: Тафовути савганди ҳарбии сарбозон аз дигар савгандҳо дар чист?

П.Бойзода: Дар Савганди ҳарбӣ ҳамаи талаботи муҳим ва вазифаҳои асосие, ки  халқу Ватан ва Сарвари давлат дар назди хизматчии ҳарбӣ мегузоранд, хеле мушаххас ва нишонрас ифода ёфтааст. Сарбоз савганд ёд мекунад, ки ба Ватани азизаш- Тоҷикистон содиқ бошад, Конститутсияи кишварашро риоя кунад, қонунияти дигарро иҷро намояд ва дар иҷрои корҳои дигар худро масъул ҳисобад. Ҳамчунин барои иҷрои нуктаҳои боло дар савганд ёдрас мешавад, ки хизматчии ҳарбӣ сифатҳои муҳими шахсӣ, аз қабили интизомнокӣ, бошарафӣ, ҳушёрӣ, ҷасорат доштан ва далеру бебок буданро доро бошад. Ҳамзамон таъкид мегардад, ки сарбоз аз душвориву мушкилоти ҳарбӣ наҳаросад ва ҳамеша ба халқу Ватан содиқ бошаду душвориҳоро суботкорона паси сар намояд. Ниҳоят, дар савганд мазмунан омадааст, ки «агар сарбоз ба савганди додааш вафо накунад ва ба халқу Ватани худ хиёнат кунад, он вақт тибқи қонунҳои мавҷудаи кишвар ҷазо дода мешавад». Барои он ки қасами ҳарбӣ воқеӣ гардад ва сарбоз онро пурра риоя кунад, танҳо аз бар кардан ё хондани он басанда нест. Он бояд баробари аз бар кардан дарк карда шавад. Сарбоз бояд моҳияти ҳар сухани онро бифаҳмад, дар вуҷудаш, дар рагу пайвандаш ҷой диҳад ва мутобиқи фаҳмишаш амал намояд, яъне ба Ватан садоқати бепоён дошта бошад, ба марзу буми Тоҷикистон меҳри хосса ва беандоза пайдо кунад, қонунҳоро иҷро кунад, ҳаргиз хиёнатро ба ин халқ ва ба ин сарзамин раво набинад, далеру шуҷоъ ва нотарсу бебок бошад. Ҳамчунин амру фармонҳои сардоронро дар вақти таъйиншуда бе чуну чаро иҷро намояд.

АМИТ «Ховар»: Оё талаботе, ки ҳар сарбоз зимни савганд хӯрдан зикр мекунад, риоя мегарданд?

П.Бойзода: Мутаассифона, дар баъзе ҷузъу том ва қисмҳои ҳарбӣ ҳамин гуфтаҳо пурра риоя намешаванд. Атрофи пайдокунонидани фаҳмиш ва дарк кардани Савганди ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ кам ба роҳ монда мешаванд. Бинобар ин, сарбозон онро кӯр-кӯрона аз ёд мекунанду мехонанд, аммо аз рӯйи талаботи он кам амал мекунанд.

Онҳое, ки аҳдшиканӣ ва қонуншиканӣ мекунанд, низому тартиботро риоя намекунанд ва бешарафӣ зоҳир мекунанд, Савганди ҳарбӣ барояшон комилан муқаддас нест, зеро онҳо муқаддас будани онро дарк накардаанд. Бо онҳо атрофи муқаддасот, рафтори ҳамидаи инсонӣ, меъёрҳои баланди ахлоқӣ, арзишҳо, аз ҷумла, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, маъниҳои баланд ва монанди инҳо аз тарафи мутасаддиёни самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар қисмҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ самарабахш ба роҳ монда нашудаанд.

Масъулини корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар қисмҳои ҳарбӣ бояд атрофи амалигардонии Савганди ҳарбӣ номгӯйи чорабиниҳоро таҳия намоянд ва бо ҳайати шахсӣ суҳбату ҷамъомадҳо, баромадҳо ва маърӯзаҳо, ҳамчунин муколамаҳо ташкил намоянд.

Танҳо дар ҳамин сурат метавон гуфт, ки Савганди ҳарбӣ аз ҷониби сарбозон риоя мегардад ва он дар ташаккули шахсияти сарбозон нақши аниқ мегузорад.

АМИТ «Ховар»: Барои амалигардонии Савганди ҳарбӣ миёни сарбозон чӣ корҳоро анҷом додан  зарур аст?

П.Бойзода: Зарур аст, ки баробари ба қисмҳои ҳарбӣ ворид гаштани ҷавонон моҳияти қонунҳо аз тарафи командирони ҷузъу том ҳаматарафа фаҳмонида  шавад, зарурати риояи онҳо аниқ муайян гардад ва мақсади даъват шудани ҷавонон барояшон маънидод гашта, ҳамчунин ҳуқуқу вазифа ва уҳдадориҳояшон возеҳу равшан гардад.

Итминони комил дорем, ки агар дар ҳамин давра корҳои фаҳмондадиҳӣ атрофи қонуну қонуният, ҳуқуқу вазифаҳо ва уҳдадориҳои сарбозон ҳамаҷонибаю саҳеҳ фаҳмонида шаванд, минбаъд риоя ва амалигардонии Савганди ҳарбӣ барои онҳо осон мегардад ва дар оянда корбарӣ ба худи командирон низ сабук мешавад.

Барои он ки сарбозон ба моҳияти ҳақиқии Савганди ҳарбӣ сарфаҳм раванд ва зарурати онро дарк намоянд, муҳим аст, ки атрофи нуктаҳои асосии Савганди ҳарбӣ мубоҳисаҳо гузаронида шаванд. Зеро маҳз дар раванди баҳсу муколама ҳақиқат ошкор мегардад ва сарбозон аз ҳамдигар омӯхта, донишҳояшонро такмил медиҳанд. Ин амал имкон медиҳад, ки онҳо минбаъд дар вақти иҷрои амру фармонҳо ва супоришҳо қонунвайронкунӣ ва аҳдшиканӣ накунанд.

Роҳи дигаре, ки метавонад воситаи хуби амалигардонии Савганди ҳарбӣ гардад, ин ҳавасмандгардонии сарбозон аз ҷониби командирони ҷузъу том аст. Ҳавасмандгардонӣ яке аз роҳҳои беҳтарини ҳидоят намудани сарбозон ба рафторҳои намунавӣ, ибратбахш ва корҳои шоиста аст. Ҳамзамон тавассути ҳавасмандгардонӣ дар сарбозон рӯҳбаландӣ ва ҳисси қаноатмандӣ  аз рафтори содиркарда пайдо кунонида мешавад. Ба таври дигар, ҳавасмандгардонӣ воситаи беҳтарини тарбияи шахсияти сарбозон дар заминаи ҳиссиёти мусбат аст.

Ҳар як командири ҷузъу томи қисмҳои ҳарбӣ, аз хурд то калон, дар сатҳи мухталиф вазифадор аст, ки мувофиқи салоҳияташ сарбозонро бо роҳҳои гуногун ҳавасманд гардонад.

Дар Ойинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин ҳуқуқу вазифаҳои командирон оид ба ҳавасмандгардонӣ дарҷ гардидааст. Мутаассифона, на ҳамаи командирон дар вақти корбарӣ бо ҳайати шахсӣ аз Ойинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Бинобар ин, ҳодисаҳои қонуншиканӣ, қонунвайронкунӣ ва иҷро нагаштани вазифаю уҳдадориҳо аз ҷониби сарбозон ба миён меоянд.

Дар қисмҳои ҳарбии  Қӯшунҳои зудамал, мо-афсарон, асосан бо мақсади ҳаматарафа иҷро гаштани Савганди ҳарбӣ аз навъҳои мухталифи ҳавасмандгардонӣ, аз қабили, бекор кардани ҷазои интизомии қаблан додашуда, эълони раҳматнома, равон кардани мактуб ба волидон, мактаби таҳсилкарда, ҷойи кор ва комиссариати ҳарбӣ оид ба хизмати шоистаи сарбоз, тавсиф намудани сарбозони беҳтарин дар Варақаи  ҷангӣ ва тахтаи фахрӣ, сарфароз намудан бо ифтихорнома, туҳфаҳои қиматбаҳо, ё пулӣ, сарфароз намудан бо акси шахсии хизматчии ҳарбӣ дар назди Байрақи ҷангии қисми низомӣ, додани рутбаи ефрейтор, ба сержантҳо додани рутбаи навбатии ҳарбӣ, сабт кардани ному насаби сарбоз дар Китоби фахрии қисми ҳарбӣ ва дароз намудани муҳлати рухсатии асосии хизматчии ҳарбӣ ба муддати панҷ шабонарӯз истифода мекунем.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз Вазорати мудофиаи ҶТ

Январь 3, 2022 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст