ШИНОСНОМААТОНРО ИВАЗ КАРДЕД? Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то 15 феврал шиносномаашонро бо намунаи соли 2014 иваз намуда, симкортҳои худро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гиранд
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 фурӯш ва аз нав бақайдгирии симкортҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 анҷом дода мешавад. Яъне шаҳрвандоне, ки шиносномаи намунаи соли 1996 доранд, уҳдадор шудаанд, ки чунин намуди шиносномаро то 15 феврали соли 2022 бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 иваз намуда, бо ин шиноснома симкортҳои худро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гиранд.
Дар робита ба ин сардори шуъбаи таҳлилӣ, назоратӣ ва ҳуқуқи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймаҳмад Раҷабзода ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд, ки “бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” бақайдгирии симкортҳои мобилии шаҳрвандон дар асоси шиносномаи соли 2014 ҷорӣ карда шудааст. Ба ин хотир ҳамаи шаҳрвандон имкон доранд, ки барои иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи нав, яъне соли 2014 ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД дар минтақаи зисти худ муроҷиат намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 нуқтаи қабули шиносномаҳо мавҷуд мебошад”.
Инчунин мавсуф афзуд, ки “баъди ба роҳ мондани қарори мазкур давоми соли 2019 то моҳи феврали соли 2020 мо тавонистем 1 миллиону 277 ҳазор нафар шаҳрвандонро бо шиносномаи намунаи соли 2014 таъмин намоем. Аз соли 2014 то ба ҳол мо 3 миллиону 992 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаи намунаи соли 2014 таъмин кардем. Аммо пас аз паҳн шудани бемории COVID-19 муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани шиноснома нисбатан сусттар гардид. Имрӯзҳо тақрибан 1 500 нафар шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ муроҷиат карда истодаанд”.
Боймаҳмад Раҷабзода иброз дошт, ки барои иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996, пеш аз ҳама, рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН), маълумотнома оид ба гурӯҳи хун, расид ба маблағи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ, дафтари ҳавлӣ, манзилнома ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот дар маҳалҳо, инчунин шаҳодатномаи ақди никоҳ ё бекор кардани шаҳодатномаи ақди никоҳ ва як дона акси ¾ пешниҳод карда мешаванд.
Дар мавриди ҷой доштани имтиёз барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 ба таври ройгон шиноснома дода мешавад.
Ҳамзамон муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ба ин масъала равшанӣ андохта, зикр намуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” барои аз нав бақайдгирии SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз 70 то 80 ҳазор истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди ҶТ- намунаи соли 2014, яъне ID аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Аз аввали сол то 30 ноябри соли 2021 ин рақам ба 850 ҳазор SIM-корт баробар шудааст.
Мутобиқи банди 3-и Қарори мазкур ба номи як шахс дар асоси шиносномаи ID намунаи соли 2014 на зиёда аз 2 SIM-корт аз тамоми ширкатҳои мобилӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳамзамон мутобиқи ин банд Хадамоти алоқа ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи алоқаи барқӣ бояд барои аз нав бақайдгирии SIM-кортҳо дар асоси шиносномаи ID, намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2022 чораҷӯӣ намояд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд шиносномаи худро бо ID иваз намояд, зеро шиносномаи ID тибқи талаботи байналмилалӣ тамоми маълумоти заруриро доро буда, барои бехатарии шахс дар оянда зарур аст.
Мутаассифона, то ба имрӯз 2,4 миллион нафар истифодабарандагон- муштариёни SIM-кортҳо дар асоси шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- намунаи соли 1996, яъне шиносномаи коғазӣ ба қайд гирифта шудаанд
Мавриди зикр аст, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID- намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






