ШУМОРАИ НАВБАТИИ БЮЛЛЕТЕН «ОИД БА ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ» НАШР ШУД. Бахши вобаста ба Тоҷикистон аз маводи нашркардаи АМИТ «Ховар» иборат аст
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии 92-юми бюллетени иттилоотӣ «Оид ба тадбирҳои мубориза бо коронавирус дар кишварҳои ИДМ» ба нашр расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Бюллетен, ки аз ҷониби Департаменти иттилоотӣ-таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ омода шудааст, маълумот оид ба роҳҳои мубориза бо коронавирус дар кишварҳои ИДМ дар давраи 24-30 декабри соли 2021-ро фаро мегирад.
Дар бахш оид ба Тоҷикистон иқтибосҳо аз маводи нашркардаи АМИТ «Ховар» ҷой дода шудаанд.
Ҳамин тавр, аз маводи дар сомонаи мо нашршуда бо номи «Барномаҳои солинавӣ дар Душанбе дар реҷаи маҳдуд баргузор мегарданд» аз 24 декабр чунин порча оварда шудааст:
«Тавре аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, имсол бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.
Ҳамчунин дар шаби соли нав паронидани мушак дар маркази шаҳр ва чор ноҳияи пойтахт манъ гардида, тибқи нақша, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ин ноҳияҳо танҳо дар ҳудуди боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.
Гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ буда, барномаҳои фарҳангии идона танҳо дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд».
Дар иқтибоси дигаре аз нашрияи агентии мо «Тоҷикистон суръати ваксина алайҳи COVID-19-ро афзоиш медиҳад» аз 29 декабр, аз ҷумла чунин омадааст:
«Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ суръати эмгузаронии аҳолӣ бо мақсади баланд бардоштани масунияти гурӯҳӣ меафзояд. То 23 декабри соли 2021 3 миллиону 618 ҳазор нафар (62,1 фоиз) зидди ин сироят эм карда шудаанд. То санаи зикршуда 2 миллиону 875 ҳазору 693 нафар (49,4 фоиз) вояи дуюми ваксина гирифтаанд».
АКС: скриншот аз муқоваи бюллетен








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






