ШУМОРАИ НАВБАТИИ БЮЛЛЕТЕН «ОИД БА ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ» НАШР ШУД. Бахши вобаста ба Тоҷикистон аз маводи нашркардаи АМИТ «Ховар» иборат аст

Январь 4, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии 92-юми бюллетени иттилоотӣ «Оид ба тадбирҳои мубориза бо коронавирус дар кишварҳои ИДМ» ба нашр расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Бюллетен, ки аз ҷониби Департаменти иттилоотӣ-таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ омода шудааст, маълумот оид ба роҳҳои мубориза бо коронавирус дар кишварҳои ИДМ дар давраи 24-30 декабри соли 2021-ро фаро мегирад.

Дар бахш оид ба Тоҷикистон  иқтибосҳо аз маводи нашркардаи АМИТ «Ховар» ҷой дода шудаанд.

Ҳамин тавр, аз маводи дар сомонаи мо нашршуда бо номи «Барномаҳои солинавӣ дар Душанбе дар реҷаи маҳдуд баргузор мегарданд» аз 24 декабр чунин порча оварда шудааст:

«Тавре аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, имсол бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19,  эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.

Ҳамчунин дар шаби соли нав паронидани мушак дар маркази шаҳр ва чор ноҳияи пойтахт манъ гардида, тибқи нақша, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ин ноҳияҳо танҳо дар ҳудуди боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.

Гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ буда, барномаҳои фарҳангии идона танҳо дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд».

Дар иқтибоси дигаре аз нашрияи агентии мо «Тоҷикистон суръати ваксина алайҳи COVID-19-ро афзоиш медиҳад» аз 29 декабр, аз ҷумла чунин омадааст:

«Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ суръати эмгузаронии аҳолӣ бо мақсади баланд бардоштани масунияти гурӯҳӣ  меафзояд. То 23 декабри соли 2021  3 миллиону 618 ҳазор нафар (62,1 фоиз) зидди ин сироят эм карда шудаанд. То санаи зикршуда 2 миллиону 875 ҳазору 693 нафар (49,4 фоиз) вояи дуюми ваксина гирифтаанд».

АКС: скриншот аз муқоваи бюллетен

Январь 4, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид