ШУМОРО ДАР ХОНА ИНТИЗОРАНД! Танҳо дар чор рӯз дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 5 нафар калонсол ва як кӯдак ба ҳалокат расидааст

Январь 21, 2022 15:31

ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дар сомонаи Вазорати   корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дода шудааст, танҳо  дар чор рӯз – аз  17 то 20 январи соли равон дар мамлакат дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ  5 нафар калонсол  ва як кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати  корҳои дохилии  мамлакат хабар медиҳад, 17 январи соли 2022, тахминан соати 07:15, ронандаи мошини  тамғаи «Опел-Астра» Акрамов Суҳроб Шарифович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Исфара  ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Ворух-Исфара» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷӯраев Бурҳониддин Аюбович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа  пиёдагард Ҷӯраев Б.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.  

Чунин як ҳодисаи  нохуш  18 январи соли 2022, тахминан соати 01:00 дар шоҳроҳи  «Ваҳдат-Ёвон-А.Ҷомӣ» низ рух додааст.  Ронандаи мошини  тамғаи «Опел-Векта»  Раҷабов Исо Усмонович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат  дар ҳудуди деҳаи Сариқамиши ноҳияи  мазкур  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетонҳои канори рости роҳ бархӯрд. Номбурда  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

19 январи соли 2022, тахминан соати 16:30 ронандаи  мошини  боркаши тамғаи «Форланд» Сабуров Ҳандулло Мирзомуддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Бохтар,  ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини ҳамин ноҳия, пиёдагари хурдсол Муҳиддинов Умар Самардиновичи шашсоларо пахш намуд.

Дар натиҷа хурдсол Муҳиддинов У.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Чунин садамаи мудҳиш 20 январи соли 2022, тахминан соати 07:30 дар роҳи мошингарди «Исфара-Конибодом-Ғафуров» ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи  мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс» Сатторов Абдулаким Абдувосидович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди зикршуда  бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда Ҳайдарзода Абдувосит Ғанӣ, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Конибодом, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандагон: Ҳайдарзода А.Ғ., Сатторов АА. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Қаюмова Муслимахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутааассифона мусофирони дигари мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс», Сатторов Абдухолиқ Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1970, Исматова Таборахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1969 ва Сатторова Умидахон Ваҳобовна, соли таваллудаш 1940, ки сокинони шаҳри Исфара буданд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки 8 январи соли равон   дар кӯчаи Қосимови пойтахт, дар сероҳаи бозори «Корвон»  низ  чунин садамаи нохуш  ба миён омад, ки дар натиҷаи он  як нафар ба ҳалокат расид. Ронандаи автобуси тамғаи «АКИА» (ба ККВД «Автобус 1» тааллуқ дорад)  Мирдонов Шуҳрат Асатуллоевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ки дар хатсайри №18-и шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул мебошад, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қосимови пойтахт аз тарафи кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Н.Қарабоев, дар вақти ворид шудан ба сероҳаи бозори «Корвон» бинобар сабабе, ки пеш аз ҳаракат карданаш доруи «Баралгин»-ро барзиёд истеъмол намудааст, аз таъсири ин доруворӣ аз ҳуш рафта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.Сипас автобус ба мошини тамғаи «Хундай Солярис», таҳти идораи ронанда Лутфуллоев Беҳруз Суҳробович бархӯрда, баъдан ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Кулуков Амрулло Давлатович бархӯрда, боз ҳаракаташро давом дода, ба мошини тамғаи «Тойота-Прадо», таҳти идораи ронанда Саидов Раҳим Мирсалимович бархӯрда, боз ҳаракаташ давом ёфта, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Исоев Дилшод Давлатмуродович, ки ин мошинҳо ба роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрдааст. Дар ин вақт мусофири мошини мазкур Ҳасанова Шабнам Негматовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ки дар қисмати пеши мошин дар ҷойи мусофир нишаста буд, аз мошин хоҳиши фаромадан кардааст ва  аз сабаби бархӯрди автобус ба ин мошин ҳангоми фаромадан зери чархи тарафи чапи автобуси мазкур монда, пахш мешавад ва  мутаассифона, ба ҳалокат мерасад. Автобуси зикршуда ба мошини тамғаи «Шкода» бархӯрда, баъдан аз ҳаракат боз мондааст.

Боиси таассуф аст, ки дар мамлакат  ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои нақлиёти садҳо нафар одамон ҳалок ва маҷрӯҳ мегарданд. Тибқи  иттилои масъулин, дар нуҳ моҳи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 787 адад ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари  онҳо 290 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 869 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Зубайдулло Ҳафиззода гуфт, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2020  2 адад ё 0,35  ва маҷрӯҳшудагон 40 нафар ё 4,4  фоиз кам шуда, теъдоди ҳалокшудагон  9 адад ё 3,2 фоиз зиёд  гардидааст.

Коршиносон омилҳои асосии рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётро,  пеш аз ҳама, ба риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, пас аз истифодаи моддаҳои сархушкунанда  ва дар ҳолати мастӣ паси чамбаракаи мошин нишастани  иддае аз ронандагон, аз байни роҳҳои автомобилгард убур намудани пиёдагардон, нозукиҳои касби ронандагиро аз худ накарда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидани бархе аз ҷавонон ва дигар омилҳо арзёбӣ менамоянд.

Аз тамоми ронандагон ва пиёдагардон хоҳиш карда мешавад, ки қойидаҳои ҳаракат дар роҳро  риоя карда, ба шитобкорӣ роҳ надода, дучанд эҳтиёт кунанд, то ҷони худу дигаронро дар хатар нагузоранд. Набояд фаромӯш кард, ки онҳоро дар хона пайвандонашон интизоранд!

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Январь 21, 2022 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Нуробод вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд