ТАҲАВВУЛОТИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОНҲО БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ Зубайдулло Давлатов дар ин бора
ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ифротгароӣ ва терроризм барои суботи дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари калон доранд. Бисёр муҳим аст, ки пеши роҳи бо ҳам ҳамкорӣ намудани ифротгароён ва террористони дохилию хориҷӣ ба тарзи эътимодбахш гирифта шавад. Ҷавонон, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, метавонанд ба зудӣ фирефтаи ташвиқи ифротгароён шаванд. Аз ин рӯ бо онҳо корбурди ҳамешагии идеологӣ аз аҳамият холӣ нест. Муҳим он аст, ки тафаккури ифротӣ заминаи паҳншавӣ надошта бошад ё ин замина бояд маҳдуд гардонида шавад.
Чунин ибрози назар намуд сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ вобаста ба даргириҳои ахир дар Ҷумҳурии Қазоқистон.
Дар зер андешаҳои мавсуфро пешниҳоди хонандагони АМИТ “Ховар” мегардонем.
— Дар ҳодисаҳои фоҷиабори Қазоқистон гурӯҳҳои террористию ифротие, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд, даст доранд. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим -Жомарт Тоқаев дар суханрониҳои худ 2-7 январи соли 2022 ба ин ишораҳо намуд. Исёни январӣ дар Қазоқистон ашхоси ифротию террористонро аз хориҷ ба худ ҷалб намуд. Тарзи истифодаи технологияҳои мухталиф, аз қабили бастани пеши роҳи мошинҳои ҳарбӣ, тарзи ҳуҷум, усули ба тарафи “халқ” моил намудани афсарону аскарон, ваҳшиёна қатл намудани полисҳо ва ҳарбиён гувоҳи алоқаи қавӣ доштани исёнгарони Қазоқистон бо ҳаракату ташкилоти террористии хориҷист. Дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз террористону ифротиёне, ки дар Қазоқистон даст ба ғоратгарию дуздӣ заданд, дар фазои маҷозии баъзе давлатҳои пасошӯравӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуда буд. Ин ҷонибдорон аз майдонҳои маҷозии Фейсбук, Твиттер, даҳҳо телеграмм-каналҳо истифода карда истодаанд. Мақсадашон ташаккули афкори зиддидавлатӣ буда, онҳоро доираҳои муайяни хориҷӣ маблағгузорӣ менамоянд.
Дар Қазоқистон вазъият рӯ ба оромӣ оварда истодааст. Аммо ҳанӯз муташанниҷии вазъ эҳсос мешавад. Эътирозҳо 2 январ бо сабаби баланд гардидани нархи гази моеъ оғоз гардида, баъдан ба инқилоби ранга гузаштанд. Задухӯрдҳои бераҳмона дар майдонҳои 14 шаҳри калони мамлакат идома ёфтанд. Дар ибтидо намоишгарон талаботи иқтисодӣ пешниҳод намуданд ва тадриҷан талаботи сиёсӣ, аз қабили истеъфои ҳукумат ва роҳбарияти сиёсии давлатро ба миён гузоштанд.
Амалҳои тазоҳуротгаронро мухолифи 58-солаи Ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов роҳбарӣ мекунад. Мухтор Аблязов охири солҳои 90- ум вазифаи Вазири энергетика ва савдои Қазоқистонро ба уҳда дошт. Ситоди ӯ дар шаҳри Киев ҷойгир аст. Аз хориҷ ба Ҳукумати Қазоқистон маслиҳат медиҳанд, ки бо эътирозгарон гуфтушунид оғоз намуда, вазъиятро ҳал намоянд. Президент Қосим — Жомарт Тоқаев доир ба ин масъала чунин изҳор намуд: «Аз хориҷ даъват менамоянд, ки тарафҳо барои ҳалли сулҳомези масъалаҳо гуфтушунид гузаронанд. Чӣ беақлие. Чӣ гуна гуфтушунид бо ҷинояткорон, бо қотилон? Ба мо лозим омад бо ҷинояткорону ғоратгарони тайёридидаю мусаллаҳ кор гирем».
Мутобиқ ба нуктаҳои асосии ҳуҷҷатҳои оинномавии СААД, Президенти Қазоқистон 5 январ ба сарони давлатҳои аъзо муроҷиат намуд, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи конститутсионӣ контингенти қувваҳои сулҳпарварро ба Қазоқистон ворид намоянд. Ба кувваҳои сулҳпарвари СААД дар Ҷумҳурии Қазоқистон фармондеҳи қувваҳои десанти ҳавоӣ генерал-полковник Андрей Сердюков роҳбарӣ мекунад.
Қарори давлатҳои аъзои СААД дар бораи расонидани ёрӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати ҳимояи сохти конститутсионӣ аллакай натиҷа дода истодааст. Федератсияи Русия ба Қазоқистон 3000, Ҷумҳурии Беларус 500, Ҷумҳурии Тоҷикистон 200, Арманистон 70 нафар низомиёнро фиристоданд. Вазъи имрӯзаи Қазоқистон барои русҳое, ки дар шимоли мамлакат зиндагӣ мекунанд, хатар эҷод карда метавонад. Ҳоло дар Қазоқистон тақрибан 3,4 миллион русҳо (18% аҳолии ҷумҳурӣ) ба сар мебаранд.
Ҳодисаҳои 2-7 январи соли 2022 дар Қазоқистон баёнгари онанд, ки ин ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист. Садо баланд кардани гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар ба хотири ҷалби миллигароҳо баёнгари он аст, ки ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Авруосиё таҳдидҳои ҷиддӣ дар роҳанд. Аммо дар Қазоқистон то ҳол гурӯҳҳои ифротиро ҷиддӣ намегирифтанд ва фикр мекунам, дар шинохти ин гурӯҳҳо талоши ҷиддие анҷом намешуд. Ҳоло аз ин вазъ, гурӯҳҳои норозии дигар ҳам метавонанд истифода кунанд. Аммо фикр мекунам, ки вазъ ором мешавад ва ин ҷо нооромиҳо идома нахоҳанд ёфт.
Ҳар гуна нооромиҳо дар Қазоқистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонад, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва нуфуз калон аст.
Аҳамияти иқтисодии Қазоқистон барои Тоҷикистон хеле калон аст. Роҳҳои транзитии Қазоқистон ба Русияву Аврупо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа роҳҳои ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамлаҳо ба идораҳои давлатӣ, бонкҳо, беморхонаҳо кори дасти ифротиён аст, вале дигар омилҳоро низ бояд ба инобат гирифт. Зеро пушти ҳамаи ин низоъҳо коргардонҳои аслии он меистанд, тавре Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим- Жомарт Тоқаев ба ин нукта сароҳатан ишора намуд.
Баъд аз таҳаввулоти Ховари Миёна ба монанди баҳори арабӣ ва даргириҳо дар Сурия ва Ироқ имкон ба вуҷуд омад, ки ҷавонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла қазоқҳо дар ин даргириҳо иштирок намоянд. Шаҳрвандони қазоқ, ки дар Сурия ва Ироқ таҷрибаи ҷангӣ пайдо намудаанд, яке аз сабабҳои ин даргириҳо шуда метавонанд.
Ифротиёну террористон дар Қазоқистон ақаллият ҳастанд. Ҳарчанд онҳо дар ин кишвар фаъол бошанд ҳам, аммо кори бузурге аз дасташон намеояд. Дар Қазоқистон бештар қишри рӯшанфикр ва тоҷирон таъсиргузор ҳастанд.
Агар ба ин масъала ба таври бисёр мушаххас муносибат шавад, метавон гуфт, ки фазои нави сиёсӣ ва геополитикӣ ба вазъияти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир гузошта метавонад.
Бинобар сабаби ҷаҳонишавии муносибатҳои байнидавлатию минтақавӣ, имконияти иттилоотии қувваҳои ифротию террористӣ таъсири воқеаҳои Қазоқистон ба Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ эҳсос мешавад. Вазъияти баамаломада ба қувваҳои ифротии дохилӣ имкон медиҳад, ки аз камбудиҳои иқтисодию иҷтимоӣ истифода намуда, мардумро ба бетартибиҳо ташвиқ намоянд.
Аз ин рӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақа ва ҷаҳон сиёсати мустақилонаи хориҷӣ пеш мебарад ва дар асоси манфиатҳои миллию давлатӣ амал менамояд, чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати хориҷӣ ба амнияти кишвар аҳамияти бештар дода мешавад.
Дар чунин вазъияти ҳассос (вобаста ба амалҳои террористӣ дар шаҳрҳои Қазоқистон) масъалаҳое, чун суботу амнияти кишвар, суботи ҷамъиятию иҷтимоӣ, ҳимояи марзу буми давлат аҳамияти хос пайдо менамоянд. Чунин ҳолат сарфи зиёдатии маблағҳои буҷаи давлатро дар пай дорад, ки ба беҳбуд бахшидани соҳаи иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ исёнҳои яроқнок, ба мисли амалҳои террористии Қазоқистон акнун як масъалаи муташанниҷи дохилӣ буда наметавонад, зеро таъсири манфии он тавассути васоити ахбори омма ва фазои маҷозӣ ба тезӣ ба давлатҳои минтақа паҳн мешавад ва табиист, ки вокунишҳои гуногун ба миён меорад. Яъне, ба афкори умум таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз мақсадҳои таҳаввулоти Қазоқистон низ маҳз ба вуҷуд овардани афкори умуми ифротӣ мебошад.
Воқеаҳои Қазоқистон нишон доданд, ки ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ на танҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда, балки дар кишварҳои нисбатан пешрафта низ реша давонида метавонанд. Ифротиён ва террористон бештар табақаҳои осебпазири ҷомеа (ҷавонон, занон, шаҳрвандони бе шуғл, муҳоҷирони меҳнатӣ)-ро ҷалб намуда, таълимоти худро миёни онҳо паҳн менамоянд.
Аз ин рӯ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо шуғл ва ҷои кор таъмин намудани табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҷоннок намуда, барои аз зери таъсири ифротиён баровардани ҳар фарди роҳгумзада талош намоянд.
Амалҳои террористии ифротгароён дар Қазоқистон вазъияти наве ба вуҷуд овард, ки метавонад боиси халалдор гардидани корҳо дар тарҳҳои зиёди рушди иқтисодии минтақа гардад. Ин вазъият муносибатҳои иқтисодӣ миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро, ки дар натиҷаи кӯшишҳои чандинсолаи дипломатҳо рӯи кор омада буданд, зери суол бурда, метавонад монеи татбиқи тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иртиботии минтақа гардад. Амалҳои террористии ифротгароёну террористон ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва суботи ҷамъиятии кишварҳои минтақа ба ҷуз зарар ҷизи дигар намеорад.
Бо гузашти 21 сол аз асри нав ҳанӯз ҷомеаи Осиёи Марказӣ натавонистааст дар зиндагии рӯзмарраи худ ҷилваҳои мусбати раванди ҷаҳонишавӣ, аз қабили марзи муштарак (рафтуомади озод миёни кишварҳо), иқтисоди ҳампо ва суботу амнияти саросариро эҳсос намояд. Вале пайомадҳои манфии он, монанди буҳронҳои иқтисодӣ, ҳуҷуми як фарҳанг болои фарҳанги дигар, нооромию бесуботӣ ва густариши ифротгароиву терроризм ҳаёти тамоми мардуми минтақаро зери сояи сангини худ қарор додааст.
Ҳароси кишварҳои минтақа аз воқеаҳои Қазоқистон ва рақобатҳои сиёсии дохилию минтақавӣ амиқтар шуда, ҳар кишвар ба тақвияти бештари потенсиали ҳарбию амниятии худ талош мекунад. Ҳамин тавр, мусобиқаи таслиҳотӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ суръат ёфта, дар ниҳоят ба мусаллаҳшавии босуръати минтақа меанҷомад. Қудратҳои ҷаҳонӣ низ ҳам бо ҳадафи низомию стратегӣ ва ҳам бо мақсади тиҷорию иқтисодӣ ба мусаллаҳшавии шарикони худ дар минтақа мусоидат менамоянд. Манзур Русия, ИМА ва НАТО мебошад. Яъне таъсири дигари воқеаҳои 2-7 январи соли 2022 ва фазои нави геополитикӣ ба вазъияти кишварҳои минтақа мусаллаҳшавии ин кишварҳо мебошад, ки ба нафъи минтақа нест.
Амалҳои террористӣ дар Қазоқистон кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро водор месозанд, ки дар чор самти ососӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва иттиллоотӣ тадбирҳои муассир андешанд:
Дар самти сиёсӣ. Тақвияти минбаъдаи сиёсати хориҷии бисёрсамта ва сиёсати хориҷии «дарҳои боз», имконият надодан ба яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи аз дигарон баландтар дошта бошад. Мустаҳкам намудани сарҳадот аз ҷиҳати техникӣ ва бо кадрҳои дорои касбияти баланд бо максади роҳ надодан ба интиқоли ифротиён, адабиёти ифротӣ, пешгирӣ намудани оқибатҳои харобиовари рақобати қудратҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа, бо ин тарз эмин нигоҳ доштани фазои доҳилии давлат, муайян намудан ва аз байн бурдани омилҳои низоъофар дар қаламрави кишвар.
Дар самти иқтисодӣ. Маълум аст, ки муносибатҳои иқтисодии давлатҳои минтақа бо якдигар ҳанӯз густурдаву ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Мебояд бо ҳамсоякишварҳо, бахусус бо Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои иқтисодиро тавре ба роҳ монд, ки омилҳои низоъангез аз байн бардошта шаванд.
Дар самти амниятӣ. Ифротгароӣ ва терроризм хатарҳоеанд, ки барои суботи дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ниҳоят калоне доранд. Бисёр муҳим аст, ки пеши роҳи бо ҳам ҳамкорӣ намудани ифротгароён ва террористони дохилию хориҷӣ ба тарзи эътимодбахш гирифта шавад. Ҷавонон, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, метавонанд ба зудӣ фирефтаи ташвиқи ифротгароён шаванд. Аз ин рӯ бо ҷавонон корбурди ҳамешагии идеологӣ аз аҳамият холӣ нест. Муҳим он аст, ки тафаккури ифротӣ заминаи паҳншавӣ надошта бошад ё ин замина бояд маҳдуд гардонида шавад.
Дар самти иттилоотӣ. Равшан аст, ки технологияҳои иттилоотӣ босуръат тараққӣ намуда истодаанд. Ҳамаи намудҳои ахбори омма (телевизион ва радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, интернет) бояд бо воситаҳои техникии ҳозиразамон таъмин бошанд, то бо воситаҳои ахбори ифротгароён рақобат намуда тавонанд. Дар чунин вазъият маблағгузории воситаҳои ахбори омма аз буҷаи давлат аҳамияти хоссаи иттилоотӣ-амниятӣ пайдо мекунад.
АКС: АМИТ “Ховар”