Тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона тасдиқ шуд

Январь 16, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона, ки  аз 19 то 29 январ дар  шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тасдиқ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чор дастаи мунтахаби минтақа барои унвони чемпионӣ талош мекунанд – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон. Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода месозад.

Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни занон тибқи системаи даврӣ дар ду давр доир мешавад ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе, ки се ҳазор ҷои нишаст дорад, сурат мегиранд.

АКСҲО: ФФТ

Январь 16, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд