ТЕРРОРИЗМ ВА ҚУДРАТҲОИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Январь 19, 2022 14:29

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугӯ, мо аз рӯйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеаёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад»,-чунин ибрози андеша намуд  номзади илмҳои филология, дотсент Хосият ОЛИМӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

— Мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,  ҳар сол қариб 200 ҳазор нафар аз истеъмоли нашъа вафот мекунанд ва 27  миллион нафар мубталои ин вабои аср ҳастанд.

Истеҳсолкунандагони асосии нашъа  мамлакатҳои  Афғонистон, Колумбия ва Мянма ба шумор мераванд. Махсусан, Афғонистон  70 фисади ҳаҷми нашъаи ҷаҳонро истеҳсол менамояд, ки ин ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ зарар дошта, дар  фурӯшу интишори ин маводи зараровар  дар ҷаҳон чун долони сиёҳ низ пазируфта шудааст. Бинобар ба назар расидани равандҳои террористӣ ва экстремистӣ дар минтақа моро зарурат пеш омадааст, ки роҳҳои таъмини суботи сиёсиро дар мамлакат ҷустуҷӯ кунем.

Дар ин маврид назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироашуда ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 барои мо чун роҳнамо хидмат мекунад. Бавижа, дар ин ҳуҷҷати таърихӣ табодули маводи мухаддир яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ муаррифӣ шудааст, ки далели боз ҳам вахимтар гардидани авзои сиёсии ҳамсоякишвар- Афғонистон мебошад. Ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби толибон, ки ба ҳайси намунаи олии терроризми байналмилалӣ пазируфта шудаанд, гувоҳӣ медиҳад, ки маблағгузори онҳо аз ҷониби мамлакатҳои манфиатҷӯ сенарияе тарҳрезӣ хоҳад кард, ки ҳадафи он ворид намудани тахрибкорӣ ба мамлакатҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ҷиҳати маблағгузории терроризм дар Паёми Президенти мамлакат омадааст: «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад».

Ҳодисаҳои охир ва дар соли нави мелодӣ ба вуқӯъ пайвастаи Ҷумҳурии Қазоқистон гуфтаҳои болоро тасдиқ карда, як навъ табаддулоти давлатиро мемонанд, ки онро танҳо тавассути истифода аз неруҳои тахрибкор метавон баррасӣ намуд. Тазоҳуроти бемантиқ ва бар ивази маблағ ром кардани сокинон ба гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар хотираи таърихӣ ҳамон воқеаҳои мудҳиши солҳои навадуми садаи гузаштаро ба ёд меоранд, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакати мо сарчашмаҳои ин омил гуфта шудаанд:

«Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар мамлакат беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти мамлакат ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд».

Ҷиҳати таҳқиқи тамоюли тавсеаёфта дар ҷаҳони муосир ба кӯшишҳои сиёсӣ намудан ва ё худ ба доираи сиёсат даровардани дини мубини Ислом аз ҷониби абарқудратҳо таваҷҷуҳ равона гардид. Аммо аввал исломро сиёсӣ карда, хостанд  онро бадном созанд, кунун мехоҳанд бо сиёсисозии ислом муслиминро дар роҳандозӣ шудани манофеи геополитикии худ истифода намоянд.

Воқеан, авзои сиёсии Афғонистон дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат хеле батафсил баррасӣ шудааст. Дар он вазъи мамлакати ҳамсоя бо дарназардошти тамоюли ифротгароӣ матраҳ ёфта, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои раҳонидани он аз чунин ҳолати ногувор таъкид мешавад. Президенти Тоҷикистон зиёда аз бист сол мешавад, ки аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамоянд ва пайваста зикр менамоянд, ки «ҳолати фоҷиабори дар ин мамлакат баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад».

Авзои сиёсии ҳамсоякишвар имкон дорад ба муҳити мо таъсири манфӣ гузорад. Гузашта аз ин, дар сафҳои толибон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии онҳо гӯё исломӣ кардани ҷумҳурии мо маҳсуб мешавад, аммо агар ба таърихи пайдоиш ва паҳншавии толибон назар кунем, дер ё зуд мефаҳмем, ки онҳо тоифаи зархариде мебошанд, ки тавассути дастурҳои қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, ҳадафҳои онҳоро роҳандозӣ менамоянд.

Мушкилоти асосӣ дар он аст, ки Афғонистон чун макони баҳамоии гурӯҳҳои экстремистӣ бо мамлакати азизи мо ҳамсарҳад  аст ва дар Паёми навбатӣ ин воқеият чунин зикр гардидааст: «Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин мамлакат ташкил медиҳад. Яъне тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи зикршудаи марзӣ ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад. Бинобар ин, мо ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин мамлакати ҳамсоя мебошем. Ман ин суханҳоро дар асоси таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми Тоҷикистон мегӯям. Агар Афғонистон дар он айём орому босубот мебуд, гурӯҳҳои экстремистиву террористии аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо кумаку дастгирии мамлакатҳои манфиатдор ташкилгардида наметавонистанд қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд».

Дар замони муосир аз ҳама хатарҳои мавҷуда хатари терроризм ва тахрибкорӣ зиёновар дониста мешавад, чунки дар сартосари дунё қудратҳои ҷаҳонӣ аз ин тамоюл суиистифода намуда, мехоҳанд рақибони худро бо силоҳи терроризм мағлуб намоянд. Ҳар фарди вандӯст дар асри ҳозира бояд дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ кунад ва нагузорад, ки ин беморӣ аз нав ба шаҳрвандон сироят кунад ва чунонки  Фирдавсии бузург мегӯяд:

Зиёни касон аз паи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Январь 19, 2022 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»