Тоҷикистон соли 2022 ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дохил хоҳад шуд

Январь 2, 2022 10:07

ДУШАНБЕ, 02.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли оянда ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дохил хоҳад шуд. Барномаи азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ду соли охир аст,  ки  мавриди татбиқ қарор дорад.  Айни ҳол корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷараён доранд. Хеле муҳим аст, ки пеш аз воридшавӣ низоми дифоъ ва автоматикаи зиддисадамавиро таъмин намоем. Ҷузъи муҳими дигар такмили ихтисоси кормандон мебошад, чунки дар ин низом технологияи муосир истифода мешавад, бинобар ин, зарур аст, ки кадрҳои баландихтисосро низ омода созем. 

Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни мусоҳиба бо муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Моҳира Сангмамадова (23.12.2021  №: 249) иттилоъ додааст.

Зимни посух ба саволҳои Моҳира Сангмамадова Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамчунин иброз доштааст, ки  «Консепсияи низоми ягонаи энергетикӣ иқдоми нав нест ва он пеш ҳам вуҷуд дошт. Дар низоми пешина як ниҳоде бо номи маркази ҳамоҳангсозии минтақавии диспетчерӣ мавҷуд буд, ки ҳоло ҳам амал мекунад. Фикр мекунам, ки бо назардошти талабот ва ташаббусҳои нави минтақавӣ, мо бояд ин марказро таҷдид ва ислоҳоти заруриро дар сохтори он роҳандозӣ намоем. Масъалаи мазкур бо давлатҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дорад.  Ҳадафи ин лоиҳа, дар мадди аввал, пурзӯр намудани эътимодияти низоми энергетикӣ дар миқёси Осиёи Марказӣ, рушди савдои минтақавии неруи барқ ва зиёд намудани иқтидорҳои содироти барқ ба кишварҳои минтақа мебошад».

Далер Ҷумъа тазаккур додааст, ки «айни замон содироти барқи Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамсоя хусусияти мавсимӣ дорад. Бо пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» Тоҷикистон имконияти доимии содироти барқро ба давлатҳои ҳамсоя пайдо мекунад. Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикӣ барои Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва зиёд намудани содироти барқро фароҳам меоварад. Имрӯз талабот ба «энергияи сабз» зиёд аст ва дар ҷаҳон давлатҳое, ки сад дар сад «энергияи сабз» истеҳсол мекунанд, ангуштшуморанд. Тоҷикистон яке аз ин давлатҳост. Ҳар як киловатт/соат энергияе, ки имрӯз Тоҷикистон ба минтақа содирот менамояд, аз ҳисоби «энергияи сабз» мебошад.  Бо назардошти чунин шароит, Тоҷикистон дар бозори энергетикии минтақа рақобатпазир хоҳад монд».

-Дар баробари ин, барои мо муҳим аст, ки рушди дигар манбаъҳои барқароркунандаи энергияро низ ба роҳ монем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 фақат иқтидорҳои истеҳсолиро аз ҳисоби «энерегияи сабз» — неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ ба 700 мВт расонад. Яъне, мо бо иқтидори неруи сабзи доштаамон, дар минтақа рақобатпазир мебошем. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон масъулиятро дар назди давлатҳои ҳамсоя дорад, яъне мо дар таъмини «энергияи сабз» ва ҳам самаранок истифода бурдани  захираҳои об манфиати давлатҳои ҳамсояро ба назар мегирем, -гуфтааст  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба савол дар бораи  ҳиссаи содироти барқи Тоҷикистон дар низоми ягонаи энергетикии минтақа Далер Ҷумъа чунин посух додааст: «Албатта, иқтидори Қазоқистону  Ӯзбекистон низ  бузург аст.  Иқтидори  мо   дар   баробари  Туркманистон  дар   ҷои   сеюм   меистад. Бояд гуфт, ки аксарияти иқтидорҳои давлатҳои ҳамсоя аз ҳисоби неруи ҳароратӣ мебошанд. Дар замони ҳозира, ки ба «неруи сабз» афзалият дода мешавад ва Тоҷикистон, ки истеҳсолкунандаи асосии «энергияи сабз» аст, ин рақобатпазирии моро таъмин менамояд. Азнавпайвастшавӣ барои мо имкон медиҳад, ки ба бозори бузурги энергетикӣ ворид шавем. Талабот дар ин бозор қариб 190 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад. Бо пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» 14 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол мегардад, ки ин ҳаҷм барои пурра қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ ва барои содирот ба  кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода хоҳад гардид».

— Аз сабаби коҳиш ёфтани сатҳи об дар обанборҳо дар баъзе мавзеъҳои ҷумҳурӣ имсол ҳам норасоии барқ дида мешавад. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёде мавҷуданд. Оё ягон роҳи пешгирӣ ё коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои табиӣ вуҷуд надорад? – савол додааст Моҳира Сангмамадова дар ин мусоҳиба.

— Ҳақиқатан аз ин мушкилӣ мо огоҳ ҳастем. Дар ширкатҳои энергетикӣ, аз  ҷумла дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, телефони боварӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи муроҷиати шаҳрвандон, ки тавассути телефони боварӣ ирсол мегарданд ва шарҳҳои шабакаҳои иҷтимоиро масъулини соҳа баррасӣ намуда, атрофи онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Мушкилоти норасоии барқ  сабабҳои техникӣ доранд ва бар замми ин, талабот ба барқ ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳои калон сол ба сол зиёд мегардад. Барои таъмини талаботи рӯ ба афзоиши ҳамасолаи мардум ва хоҷагии халқи кишвар ширкатҳои энергетикӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. –  ҷавоб додааст вазир.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар идомаи ҷавоб ба ин савол чунин зикр намудааст: « Дар норасоии барқ, тавре болотар зикр намудем, ба ғайри омили дохилӣ, ҳамчунин, омили берунӣ, яъне омили табиӣ – тағйирёбии иқлим низ таъсири худро мерасонад. Ширкатҳои энергетикии мо иқтидорҳои марказҳои барқу гармидиҳиро пурра истифода мебаранд, ки ин имконият медиҳад, ки барқи аз ҳисоби пойтахт сарфашударо ба дигар минтақаҳо интиқол диҳем. Масъалаҳое, ки дар ин самт аз мо вобастагӣ доранд, ин, албатта, зиёд намудани самаранокӣ дар низоми энергетикӣ мебошад. Дар мадди аввал бо татбиқи технологияҳое, ки ба сарфаи барқ алоқамандӣ доранд, аз ҷумла кам намудани талафоти техникиву тиҷоратӣ ва сарфаи барқ вобастагӣ дорад. Аз ҳисоби зиёд шудани сатҳи обанбори НБО «Роғун» иқтидори обии силсиланеругоҳҳое, ки дар дарёи Вахш ҷойгиранд, афзоиш меёбад ва, ҳамчунин, дар ин самт мо таҷдиди НБО «Сарбанд» — ро ба роҳ мондем. Як агрегати  нави НБО «Сарбанд» ба наздикӣ ба кор дароварда шуд ва агрегати дигар ё худ агрегати ниҳоии он семоҳаи аввали соли оянда дар ин неругоҳ ба кор дароварда хоҳад шуд. Ин ҳама корҳои таҷдидие, ки анҷом меёбанд, на танҳо боиси барқарор намудани иқтидори пешина, балки зиёд шудани иқтидори неруи барқ мегардад. Аз ҳисоби таҷдиди неругоҳҳои азими кишвар иқтидорҳои энергетикӣ зиёда аз 370 мВт боз афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин самт як қатор тадбирҳои зарурӣ  амалӣ шуда истодаанд».

— Яке аз дастоварди муҳим, ин роҳандозии идоракунии корпоративӣ ва таъсиси се корхонаи самти алоҳидаи фаъолият – истеҳсол, интиқол ва тақсимот дар соҳаи энергетика мебошад. Дувумин, ин тавсеаи низоми биллингӣ, ки болотар  дар борааш гуфтам ва сеюм, ин афзоиши гардиши пулӣ. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки бо дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат тавонистем элементҳои асосии самти рушди соҳаро то соли 2030 мушаххас созем, — хотиррасон шудааст дар фарҷоми мусоҳиба Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа.

 

АКС аз сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Январь 2, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид
«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масоили ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид
«Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN -Навигатсия дар асоси хусусият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷагирӣ гардид
Дар Алмато ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ оид ба пешрафт дар татбиқи чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо доир гардид
Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Остона дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуд