Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи барқарорсозии ҳаракати автобусҳоро баррасӣ намуданд

Январь 17, 2022 12:45

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тошканд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Ҷаласа таҳти раёсати муовини Вазири нақлиёти  Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Абусамад Муминов баргузор гардида,  ҷонибҳо вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ баррасӣ намуданд.  Ҳамчунин дар ҷаласа ҷараёни иҷрои созишномаҳои баимзорасида дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба барқарор намудани ҳаракати автобусҳо байни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, табодули афкор намуданд. Ҳамчунин дурнамои рушди долони нақлиётии Узбекистон-Тоҷикистон-Чин матраҳ гардид.

Дар ҷаласа масоили  ҳамкории минбаъдаи судманд миёни ду давлат дар мавриди нақлиёти автомобилӣ ва интиқоли бор, ташкили  интиқоли мусофирон  тавассути автобусҳо, лоиҳаи Протокол оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни давлатҳо  оид ба ҳамлу нақли автомобилӣ, табодули таҷриба дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 15 майи соли 2018 пас аз 26 соли таваққуф барқарор гардид. Аммо аз 16 марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус Узбекистон ҳаракати нақлиётро аз кишварҳои дигар ба қаламраваш маҳдуд кард ва аз 1 сентябри соли 2021 тадриҷан ба лағви маҳдудият шурӯъ намуд.

Моҳи октябри соли гузашта пас аз танаффус бар асари  пандемия автобусҳои ширкати нақлиётии  Тоҷикистон «Asian Express» ҳамарӯза дар хатсайри Хуҷанд – Тошканд – Хуҷанд ҳаракат мекунанд.

     АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ

Январь 17, 2022 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид