Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни 16 давлат сабқат менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 30 январ дар шаҳри Тошканди Узбекистон бори аввал Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони марду зан аз 16 давлат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Тайиланд, Ҷопон, Филиппин, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия иштирок менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 19 нафар (14 мард, 5 зан) ба Тошканд сафарбар гардид.
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Эмомалӣ Малаев, Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов, Равшан Ёқубов ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Акмалҷон Абдуллоев барои ҳакамии муҳорибаҳо ба ин мусобиқа даъват шудааст.
АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






