Зас: буҳрони башарӣ дар Афғонистон ба кишварҳои узви СААД низ таҳдид дорад

Январь 24, 2022 13:23

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Буҳрони башарӣ дар Афғонистон барои кишварҳои узви СААД низ хатар дорад, корҳо барои таҳкими марзҳои ҷанубӣ, пеш аз ҳама, сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон идома доранд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас дар навори шабакаи телевизионии ОНТ, якшанбеи 23 январ изҳори назар намуд.

«Вазъият ҳатто пас аз баромадани неруҳои Амрико ва иттифоқчиён аз Афғонистон ҳоло низ хеле мураккабу душвор боқӣ мондааст. Таҳдидҳои террористӣ ва мубодилаи маводи нашъаовар то ҳанӯз ҳам дар ҳудуди ин кишвар боқӣ мондааст»,-гуфт Зас. — Аз ин рӯ, мо барои таҳкими марзҳои ҷанубии худ, пеш аз ҳама, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон талош дорем». Ба гуфтаи ӯ, бисёр чизҳо аз он вобастаанд, ки иқдомот дар Афғонистон барои рафъи буҳрони башарӣ, ки ҳоло дар ин кишвар ҷараён доранд, то кадом андоза муваффақ мешаванд.

«То дирӯз тақрибан 9 миллион нафар, тибқи омори СММ, дар он ҷо гуруснагӣ мекашанд, тақрибан нисфи аҳолӣ аз камғизоӣ азият мекашанд. Албатта, агар вазъият чунин шиддат ёбад, ногузир ба афзоиши фаъолияти ҳар гуна дастаҳо, гурӯҳҳои террористӣ дар ин ҳудуд, афзоиши савдои аслиҳа ва маводи мухаддир оварда мерасонад»,-изҳор дошт Зас. Бино ба гуфтаи ӯ, СААД –созмони ғайрибашарист, аммо дар баробари ин кишварҳои ин созмон дар заминаи дуҷониба “барои рафъи буҳрони башардӯстона кумак мерасонанд”.

Афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастҷамъии СААД таъсир мерасонад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 январ дар саммити ғайринавбатии СААД, ки дар сиғаи онлайнӣ баргузор гардид, изҳори назар намуданд. «Мову шумо хуб медонем, ки аз нимаи дуюми моҳи августи соли 2021 ҳазорон нафар аъзои ДОИШ*, Ал-Қоида*, Ансоруллоҳ*, Ҳизб-ут-Таҳрир* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аз маҳбасҳои Афғонистон озод шуданд, ин боиси он гардид, ки онҳо фаъолияти худро пурзӯр намоянд, иқтидори ҷангии худро мустаҳкам созанд»,-иброз намуданд Пешвои миллат ва  илова намуданд, ки дар ҳудуди Афғонистон ҷангҷӯёни ДИ* мавқеи худро мустаҳкам мекунанд.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ, СҲШ, СААД изҳор доштанд, ки Душанбе танҳо он ҳукумати Афғонистонро, ки тавассути муколамаи фарогир бо дарназардошти мавқеи тамоми ақаллияти миллӣ таъсис мешавад, эътироф мекунад.

Дар паёми видеоии худ ба иштирокдорони иҷлосияи 76-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Сарвари Тоҷикистон ҳамчунин хостори ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ширкати тоҷикони афғонистонӣ шуданд.

«Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори таассуф намуданд, ки ҳаракати «Толибон» ваъдаи ташкили ҳукумати ҳамашумулро иҷро карда натавонист. «Бо дарназардошти ин ҳолат роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад»,-зикр намуданд Сарвари давлат.

«Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд»,-зикр карданд Роҳбари кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон маҳкум намуда, оид ба ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ ба назар мерасад, сухан карданд.

Бо изҳори он ки Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад».

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати «Толибон»* амалиёти густурда барои таҳди идораи худ даровардани Афғонистонро пас аз эъломи тасмими Амрико дар бораи баровардани неруҳои мусаллаҳи худ оғоз кард. 15 августи соли 2021 толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро эълон намуданд, ки то ҳол қонунияти он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.

Дар айни замон вазъияти иқтисодии Афғонистон ниҳоят вазнин аст. Ин асосан ба он вобаста аст, ки тундгароён танҳо ба 0,1% захираҳои давлатии Афғонистон (маблағи умумии он 9,4 миллиард доллар) дастрасӣ доранд, зеро қисми зиёди маблағҳоро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошта мондаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 24, 2022 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Котиби давлатии Шурои амнияти Ҷумҳурии Беларус Александр Волфович мулоқот намуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон бо Мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар вилояти Хатлон 128 ҳодисаи садамавии роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд
Дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ баррасӣ карда шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният иштирок намуд
Аз 29 то 31 май дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад
«ЗАМИН», «МАРЗ» ВА «ВАТАН» — УНСУРҲОИ МУҚАДДАС ВА ҲАЁТАН МУҲИМ. Ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ бахшида мешавад
Дар Бадахшон 31-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ таҷлил гардид
Мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ масъалаи афзалиятноки замони муосир аст
«КОРВОНИ ДИДОР». Модарон дар қисмҳои ҳарбӣ бо шароити хизмати фарзандон шинос мешаванд
Дар Душанбе ду далели вайрон намудани қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд