Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолӣ таъсис ёфт

Февраль 1, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи қарордод оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия, Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии Исмоил ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab) таъсис дода шуд, ки аввалин озмоишгоҳи қолаби зерин дар Осиёи Миёна мебошад, хабар доданд дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар».

Озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсоли ба номи ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab)- ин маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти рақамӣ барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин дигар таҷҳизоти худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир ҷойгиранд, ки имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро доранд. Озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон таълимоти комилан нави инноватсионӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Акнун дар шароити кишвар имконияти омӯзиши пурраи технологияҳои 3D-нашр фароҳам оварда шудааст.

Коршиноси байналмилалӣ оид ба таҷҳизоти муосир Ҷалолиддин Четинкай зикр намуд, ки «имконияти озмоишгоҳ ал-Ҷазарӣ барои тавсеаи тафаккури техникӣ ва ба амал баровардани идеяҳои нав васеъ мебошад. Мояи хушнудист, ки дар муддати кӯтоҳ устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зимни омӯзишҳо аз ин имконияти озмоишгоҳ бархурдор шуда, худ ва намояндагони илми тоҷикро ҳамчун мутахассисони баландихтисос муаррифӣ карданд».

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ин амалро  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, муқаррароти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» ва вусъат додани ҳамкории байналмилалии донишгоҳ роҳандозӣ намуда, дар самти робитаҳои хориҷӣ низ мунтазам иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.

Ҳамкории мутақобилан судманд бо шарикони хориҷӣ имконият муҳайё намуд, ки барои ба устодони донишгоҳ омӯзонидани дастгоҳ ва таҷҳизоти озмоишгоҳ бо усулҳои замонавӣ коршиносони  байналмилалӣ оид ба технологияҳои муосир аз Ҷумҳурии Туркия ҷалб гарданд.

Мавриди зикр аст, ки миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), махсусан дафтари Агентӣ дар шаҳри Душанбе ҳамкории фарогири мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, ҷонибҳо барои тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва мустаҳкам кардани пояи илмии донишгоҳ якчанд лоиҳаҳоро амалӣ менамоянд.

Аз ҷумла, дар донишгоҳ аз ҷониби шарикон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёди аввалин устохонаи ба номи Лу Бан дар минтақаи Осиёи Миёна дар назар аст. Инчунин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз гардиданд, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ масъалаи таъсиси гурӯҳҳои академии забони таҳсилашон англисӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Февраль 1, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид