Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар идораҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 14, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 08:30 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» (кӯчаи Беҳзод,25) баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Кумита (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) доир мешавад.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Агентӣ (кӯчаи С.Айнӣ, 26) доир менамояд.

Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҶСК  «Шабакаҳои интиқоли барқ» соати 15:00 дар толори ШСХК «Барқи Тоҷик» барпо мегардад.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, масъулини вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд (хиёбони С.Шерозӣ 16, ошёнаи 2, тел: 238-54-23, 888-08-34-04 )».

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 14, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон