35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кумитаи рушди маҳал ба таъмини тозагии муҳит, сабзазоркунӣ ва тақвияти хизматрасонии коммуналӣ даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кишвар корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расиданд.
Мақсад аз таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ- ин дар як вақт идома додани корҳои оғозгардида ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар самти таъмини инфрасохтори деҳаву маҳал, гузоштани замина ба таъмини нақшаи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 бо бунёди корхонаву сехҳои истеҳсолӣ, коркарди маҳсулоти ватанӣ, ташкил ва тақвияти хизматрасонии коммуналӣ мебошад.
Корҳои таъмири роҳ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини хоҷагӣ, наздиҳавлигӣ, таъмини тозагии муҳит, сабзазоркунии маҳал, ҷалби соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ ба созандагӣ ва дар маҷмӯъ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа низ бояд сари вақт анҷом дода шаванд.
Дар анҷоми ҷаласа миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.
АКСҲО: Кумитаи рушди маҳал








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид






