Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба ҷанги густурда бо толибон омодагӣ мегирад

Февраль 7, 2022 12:46

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар саросари кишвар бар зидди толибон ҷанг эълон кардааст. Дар ин бора дар суҳбат бо «Afganistan International»сардори бахши равобити хориҷии ҶММА Алӣ Майсам Назарӣ изҳори назар намуд, иттилоъ додааст 6 феврал агентии хабаргузории русии «Sputnik».

Номбурда таъкид кардааст, ки ҷангиён моҳҳои наздик ба марҳилаи фаъоли ҳамла мегузаранд. Дар баробари ин Ҷабҳа ният дорад, ки ба муқобили радикалҳо то замони пурра аз ҳокимияти онҳо озод кардани ҷумҳурӣ мубориза барад.

Ба гуфтаи Назарӣ, ҶММА ба пирӯзии худ шубҳа надорад.

Қаблан  намояндаи ҷабҳа аллакай аз нақшаҳои ҷанги калон бо толибон дар мусоҳиба бо рӯзномаи  белгиягии  Le Sur хабар дода буд. Ҳамон вақт вай зикр карда буд, ки ҷанговарон пас аз зимистон ба ҳуҷум мебароянд.

Ҳадафи аслии сафари Назарӣ ба Аврупо муътақид кардани намояндагони ин кишварҳо ба идомаи мубориза бо терроризм буд. Вай тазаккур дод, ки ҳукумати феълии Афғонистон аз ихтилоф пора-пора шуда, он «заиф ва идоранашаванда аст».

Бинобар  сардии ҳаво, ҶММА вақтҳои охир амалиёти зиёд анҷом намедиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷангиён ба муқобили толибон устуворона муқовимат мекунанд. Чанде пеш онҳо ба ифротгароён дар вилояти Панҷшер бори дигар ҳамла карданд. Ғайр аз ин, ҷабҳа бо ҷангҷӯён дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ меҷангид.

Дар бораи тағйироти глобалӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 қаблан сардори неруҳои вижаи ҳукумати собиқи кишвар генерал Фарид Аҳмад низ  таъкид намуда буд.

Дар навбати худ коршинос оид ба Афғонистон Андрей Серенко  изҳор кард, ки ҶММА ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсиро фаъолона таҳия мекунад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз тасарруфи қудрат дар ин ҷумҳурӣ аз сӯи толибон маҳз Панҷшер чанд муддат ягона вилояте буд, ки аз ҷониби ҷангҷӯён таҳти назорат  қарор надошт. Дар ин вилоят Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  ташкил карда шуд, ки он ҳоло ҳам муборизаро бо  тундгароён давом медиҳад.

                                    АКС: © AFP 2021/AHMAD SAHEL ARMAN

Февраль 7, 2022 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — МУҲОФИЗИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МАРДУМ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд