Ғафур Муҳсинзода дар ноҳияи Қубодиён бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 21 феврал муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар ноҳияи Қубодиён бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ шинос шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврал, соати 15:04, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Ориё нафт», воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи он 14 нафар захмиён дар Беморхонаи марказӣ ва Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» бистарӣ гардиданд. Аз онҳо то кунун 6 нафар ба хона русхат дода шуда, 8 нафари боқимонда таҳти назорати табибон қарор доранд.
Ҷараёни табобати захмиён таҳти назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои муолиҷаи онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ғафур Муҳсинзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни табобати захмиён ҳамзамон бо наздикону пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани захмиён тамоми кӯшишу талоши хешро равона мекунад.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сӯхтор дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ ба амал омадааст.
Барои хомӯш намудани оташ ба ҷойи ҳодиса 6 адад нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар гардидааст. Масоҳати сӯхтор тақрибан 280 метри мураббаъро ташкил дод. Аз тарафи масъулини дахлдор таҳқиқи ҳодиса бурда шуда, сабаб, гунаҳгор ва зарар муайян карда мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






