Агентии назорати маводи нашъаовар соли 2021 дар Тоҷикистон пеши роҳи фаъолияти 3 гурӯҳи мутташакили ҷиноятиро гирифт

Февраль 19, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 19.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 47 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 107 нафар ошкор ва 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дар ҳайати 4 нафар қатъ гардонид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 17 феврал директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода иттилоъ дод.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ нишон медиҳад, ки соли 2021 159 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардиданд, ки ин нисбат ба соли 2020 15 ҷиноят ё 10,4 фоиз зиёд мебошад.

Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, аз ин шумора 101 ҷиноят оид ба  муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 27 ҷиноят оид ба муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, 1 ҷиноят оид ба фасодхона, 14 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор ва боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

«Дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 134 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 198 нафар ба судҳо ирсол гардида, ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 344 ҳазору 200 сомонӣ ҳабс гузошта шуд», — тазаккур дод ӯ.

Тавре директори Агентӣ зикр кард, соли гузашта 289 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 315 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 235 ҳазору 422 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шуд.

Дар ин давра ҳамчунин 20 нафар шахсони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шуданд.

Дар умум соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 118 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2020 2,8 % ё 658 ҷиноят зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифта 707 ҷиноят марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс ба соли 2020 1 фоиз ё 7 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифта 2,9 фоизро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд