Академияи идоракунии давлатӣ бо 24 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Осиё ва Аврупо ҳамкорӣ ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хизматрасонии таълимӣ-методӣ, идоракунии маъмурии донишҷӯ ва корманд, ташкили дурусти кор дар сохторҳо, дастрасӣ ба маълумоти дақиқ, таъмини шаффофият ва осон намудани кори кормандону омӯзгорон дар назди раёсати таълим шуъбаи автоматикунонии низоми таълим ва тестӣ ташкил карда шудааст, ки раванди автоматикунонии низоми таълими Академияро идора, назорат ва пеш мебарад, зикр намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода.
Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатӣ зинаи таҳсили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» барои хизматчиёни давлатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар он 46 нафар хизматчиёни давлатӣ ҳамчун магистранти зинаи магистратура таҳсил менамоянд. Зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» айни замон дар ду ихтисос «Идораи давлатӣ» ва «Сиёсати беруна ва дипломатия» бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ раванди таҳсилро ба роҳ мондааст.
Густариши робита ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат яке аз самтҳои дигари коргузории Раёсат ба шумор рафта, соли 2021 Академия бо 8 муассисаи олии хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Айни замон Академияи идоракунии давлатӣ бо 24 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Осиё ва Аврупо ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Зикр гардид, ки давоми соли сипаришуда 8 нафар унвонҷӯи Академия рисолаҳои номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуда, ҳамчунин 3 нафар кормандону омӯзгорон диссертатсияҳои докторӣ омода намуда, ба пешдифоъ пешниҳод намуданд.
Дар Академия Маркази иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ҷиҳати мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст. Раёсати Академия дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоат кумак менамояд.
Академия аз аввали соли 2019 ба сифати барандаи бурсияи байналмилалии «DECIDE» дар доираи барномаи «Erasmus+» бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи муштаракро барои дастгирии афроди имконияташон маҳдуд таҳти унвони «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» роҳандозӣ менамояд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






