Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба ниёзмандон кумак мерасонад

Февраль 18, 2022 13:29

ДУШАНБЕ, 18.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар шаҳри Душанбе миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишнома оид ба расонидани кумак дар шакли маводи озуқавории мавриди ниёзи аввал ба қишри ниёзманди аҳолии Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар медиҳад.

Созишномаро котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ва намояндаи Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ба имзо расониданд.

Тибқи созишномаи баимзорасида, кумаки мазкур барои зиёда аз 9 ҳазор оилаҳои ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар асоси созишнома кумаки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тавассути ҶҲАТ дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба ниёзмандон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон тақсим карда мешавад.


Зимни мулоқот бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён оид ба фаъолияти башардӯстонаи Ҷамъият ва ҳамкории зичу судманди он бо Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмон маълумот дода, иброз намуд, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ ба хисоб рафта, дар ин самт ҷамъият ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирҳои саривақтӣ меандешад.


Бояд гуфт, ки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз соли 2016 инҷониб яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба хисоб меравад.

 

АКСҲО: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Февраль 18, 2022 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид